Ҷавононро аз ин гуфтаҳо хулоса мебояд, ки ин Ватан, ин миллат, сарзамини аҷдодӣ ва забону фарҳанги хешро ҳифз намуда, барои пешрафти он тамоми сайъу кӯшиши худро сарф намоянд.

Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷвонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бояд гуфт, ки ҷавонон пешбарандаи фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори вокеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи давлат ва миллат мебошанд. Ҷавонон метавонанд барои амалӣ намудани нақшаҳои муҳим бо омӯхтани техникаю технологияи замони муосир саҳми босазои худро гузоранд ва бояд аз ҳама қишри ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд.

Дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шаъну номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои ҷаҳонӣ эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

С. Саидов,

Омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқ