Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол маҳз ба омӯзгорон вобатагӣ дорад.

Омрӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, имлъ меомӯзанд, ки чандон кори осон нест. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси рӯҳии инсон аст.

Тавре, ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Хуррам онес, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Чандон осон нест ки аз тифле, ки аз олами маъони хабаре надорад, олеме сохт.

Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад. Ӯ бузургшахсест, ки дар баробари волидони мунису ғамхор касро олами маънӣ меомӯзонад.  Муаллимро имрӯз метавонем ба равшангари шоми шогирдон шабеҳ диҳем, нуре гуем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад,  оламеро мунаввар ва мушкили ҳамаро осон мегардонад.

Барои ҷуброни меҳнати пурмашаққату дили саршори меҳру муҳаббати бузурги муаллим аз осомон ситора овардан, аз қаъри замин ганҷ бурун овардан, куҳҳоро паст сохтан, замину замонро гулзор кардан, кам аст, кам.

Н. Файзов,

донишҷӯи курси 2-и факултети таърих ва ҳуқуқ