Дар факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар миёни донишҷӯёни факултет даври аввал ва дуюми олимпиадаи донишҷӯёнро аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик гузаронида шуд.

 

Дар рафти озмун Сангимурод Шарипов, декани факултети филологияи тоҷик, С. Аҳмадов, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, М. Маҳмадалиева, ҷонишини декан оид ба илм, Ҷ. Саидов, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва С. Маҳмадалиев, дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик иштирок намуда баҳогузорӣ намуданд.

 

Дар даври аввал, ки рӯзи 25-уми сентябр баргузор шуд, 47 нафар донишҷӯи курсу ихтисосҳои гуногуни факултети филологияи тоҷик ширкат варзида, аз рӯйи 1 шарт: саволномаи тестӣ миёни ҳам сабқат намуданд. Аз ҷумлаи ин донишҷӯён 12 нафаре, ки холи баланд гирифта буданд, дар даври донишгоҳӣ, ки рӯзи 26-уми сентябр аз рӯйи як шарт: шарҳи луғат сурат гирифт, ширкат варзиданд ва чор нафари онҳо, ки ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юмро ишғол намуданд, барои иштирок дар даври ниҳоии олимпиада пешбарӣ шуданд:  

 

  1. Шодиева Фархунда, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик – ҷойи 1-ум (22 хол);
  2. Азизова Шарофат, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик – ҷойи 2-юм (20,5 хол);
  3. Бобоҷонов Муродбек, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик – ҷойи 3-юм (19,5 хол);
  4. Аҳмадзода Моҳина, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик – ҷойи 3-юм (19,5 хол);

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ