dav

Имрӯз 29-уми сетябри соли равон, ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа Шӯрои олимон ба кори худ оғоз намуд ва ҳайати аъзоёни ҷаласаҳои Шӯрои олимон, тасдиқ гардид.

Рӯзномаи ҷаласа:
1. Ҷамъбасти натиҷаи таҷрибаҳои таълимию истеҳсолии донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2019-2020 (Гузориши раиси уомиссия, мудири кафедраи таҳлилӣ – иқтисодӣ ва аудит Шодиев Бурҳониддин Сайдалиевич).
2. Ҳисоботи котиби масъули комиссияи қабул оид ба қабули донишҷӯён ба донишгоҳ дар соли таҳсили 2020-2021 (Гузориши котиби комиссияи қабул, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҳамдамзода Хурсанд).
3. Масъалаҳои ҷорӣ.

Баъдан аз ҷониби раиси Шӯро, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бо истифода аз усулҳо ва воситаҳои техникии таълим ва дар ин замина, баланд бардоштани маҳорату малакаи устодон, омӯзиши забони англисӣ бо истифода аз таҷҳизоти аудиовизуалӣ ва ғайра ба масъулин дастуру супориш ва вазифагузориҳои мушаххас баён гардиданд.

Ҳамчунин 9 нафар довталабон барои ишғоли вазифаи холии мудирони кафедраҳои донишгоҳ пешниҳод ва аз ҷониби аъзоёни Шӯрои олимон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб гардиданд.

Раиси Шӯро масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишударо баррасӣ ва натиҷагирӣ намуда, роҳбарони сохторҳо, садорати факултет ва мудирони кафедраҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати пешгирӣ аз бемории коронавирус ва риояи ҳолати санитарию эпидемологӣ тадбирҳои иловагӣ ва ҳадафмандро роҳандозӣ намоянд.

 

 

 

 

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ