Тайи чанд сол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи илму маориф ҳамқадами ҷаҳони муосир гашта, навгониҳою натиҷаҳои зиёде дар ин самт ба даст оварда истодааст. Яке аз ин дастовардҳо роҳандозии муваффақонаи зинаи магистратура дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мебошад.

 

Магистр – тахассус, дараҷаи академӣ аст (дар баъзе кишварҳо – дараҷаи илмӣ буда, мастерат номида мешавад), ки ба донишҷў баъди хатми муваффақонаи магистратура дода мешавад. Дараҷаи магистр омўзиши амиқу жарфтари маводи назариявиро дар асоси тахассуси интихобнамуда пешбинӣ мекунад.

 

Аксаран таълиму таҳсилро дар магистратура донишҷўёне идома додан мехоҳанд, ки минбаъд нияти ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шудан доранд ва ё дар низоми макотиби таҳсилоти олӣ ба кору фаъолият пардохтанианд. Барои шахсоне, ки ихтисосеро интихоб кардаанд, ки ба дипломашон мувофиқат намекунад, мутобиқи талаботҳои муқаррарнамудаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ оид ба таҳсил дар магистратура имтиҳоноти ҳатмӣ пешбинӣ карда мешаванд. Агар қабули довталаб ба магистратура бо вақту замони хатми мактаби таҳсилоти олӣ мутобиқат кунад, он гоҳ ба сифати имтиҳон дар магистратура натиҷаҳои имтиҳоноти давлатии ҳатмӣ ба эътибор гирифта мешавад. Дар мавриди қабулшавӣ ба магистратура, ки баъди як соли хатм сурат мегирад, довталаб новобаста ба мавҷудияти дипломи аъло ҳам бояд имтиҳон супорад.

 

Магистратура дувумин зинаи низоми дузинагии таҳсилоти олӣ аст, ки дар ҷараёни ислоҳоти низоми таҳсилоти ҷумҳурӣ мутобиқи раванди Болонӣ – раванди қаробату наздикӣ ва мувозинати низоми таҳсилоти кишварҳои Аврупо ба мақсади эҷоди фазои ягонаю воҳиди аврупоии маълумоти олӣ ба роҳ м онда шудааст. Дар кишвари мо барномаҳои магистрӣ ҳанўз даҳ сол қабл тарҳрезӣ шуданд. Ин амр инъикос ва ифодаи тамоюли умумиҷаҳониест, ки ба ягонаю ҳаммонанд гардонии барномаҳо ва дипломҳои маълумоти олӣ нигаронида шудааст.

 

Тайи чанд сол аст, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав низ дар ин самт фаъолияти худро ба роҳ монда, ҳоло дар зинаи магистратура дар доираи тахассус ва илму фанҳои мухталиф бештар аз 600 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил мекунанд. Онҳо аз рўйи 25 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар 40 гурўҳ муттаҳид шудаанд.

 

Ҷаҳонишавӣ ва ворид гардидан ба системаи ягонаи таҳсилот ва талаботҳои балонӣ моро водор менамояд, ки сари масъалаи таълими дурусти магистрҳо амиқ андеша ронем.

 

«Фурўғ»