Имрӯз аз тарафи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 4 нусха китоби “Пири дилҷавон”, ки бахшида ба 90-солагии рӯзнома ба табъ расид тақдим карда шуд.

Китоби мазкурро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав бо хушнудӣ қабул карда, аз ин иқдоми рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” изҳори сипосу митнатдорӣ намуд.

Имсол аз нашри аввалин шумораи рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” 90 сол пур гардида, тақдим гардидани китоби “Пири дилҷавон” ба кафедраи рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав дар огаҳ гардидани донишҷӯён аз таърихи заррини 90-солаи рӯзнома мусоидат хоҳад кард.

dav

Ёдовар мешавем, ки китоби мазкур дар нашриёти «Шарқи Озод» – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 90-солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» китоби «Пири дилҷавон» – ро дар 23,5 ҷузъи чопӣ 500 адад ба табъ расонд.

 

Дар китоб перомуни рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва мақоми он дар ҷомеа ҳамчун воситаи тавонои тарғиби ғояҳои давлати мардумӣ, мубориза бо душманони халқ ва ташвиқи зиндагии нав, дар бораи сармуҳаррирону кормандони аввалин ва имрӯзаи рӯзнома маълумоти муфассал гирд оварда, ҳамчунин матлабҳои беҳтарини рӯзнома интишор шудаанд. 

 

Мавризи зикр аст, ки рӯзнома аввалин маротиба бо номи «Комсомоли Тоҷикистон» 5 апрели соли 1930 бо теъдоди 500 нусха ба нашр расидааст. Нахуст сардабирии онро Ғуломризо Ализода (солҳои 1930-1932) ба уҳда дошт. Дар соли аввали нашр рӯзнома 57 шумора чоп шуд ва 8 ходими эҷодӣ дошт ва тӯли фаъолият се маротиба тағйири ном намуда, аз соли 1998 бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» дастраси хонандагон мегардад.

 

Шодихони Назар, муратиб ва муҳарири масъули китоби “Прири дилҷавон”, ва 33-юмин сармуҳаррири ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон мебошад.