Ҷавонӣ – ин замони тавлиди шахсиятҳову ибтидои расидан ба муваффақиятҳо ва ноил гаштан ба дастовардҳои бузург дар оянда аст. Маҳз ҷавонист, ки инсон дар баробари илму донишаш аз таҷрибаи дигарон панд мегирад.

 

Дар давоми соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онхо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ, саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.

 

Ҷавонон – ҳамчун нерўи созандаю бунёдкор, дар пешрафти ҷомеаи мамлакат нақши босазо доранд. Тарбияи дурусти онҳо, ки ворисони ояндаи давлатанд, аз вазифаҳои муҳим маҳсуб мешавад.

 

Ҷавононе, ки воқеан мамлакати худро дўст медоранд ва ободиву тараққиёти онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии пешбурди иқтисодиёт, воқиф бошанд ва бо ташаббускории худ ба манфиати давлату миллати хеш кўшишу талош намоянд. Ҳамзамон, мо ҷонибдори он ҳастем, ки ин қишри ояндасоз бояд моҳияти Истиқлолияти давлати худро ба хубӣ дарк карда, ба рамзҳои давлатӣ ва забони модарӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва аз он ифтихор дошта бошанд.

 

Таърих, то ҳол дар ёд надошт, ки ягон миллат солеро барои насли ҷавонаш бахшида бошад. Ин ҳама бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли Ҷавонон» эълон карда шуд.

 

Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрўз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонад.

 

Ҷавонон танҳо бо шиору гап маҳдуд нашуда, бо амали нек ва рафтору дидгоҳи баланди худ исбот кунанд, ки воқеан ҳам аз шумораи он ҷавононе ҳастанд, ки Ватан бо онҳо ободу шукуфон мегардад. Фақат завқу салиқаи холис ва талошу эътимоди фардиро дар хештан бояд равнақ диҳанд, то Тоҷикистони мо аз пештара ҳам рушд ёбад.

 

Мо, ҷавонони саодатманд, сарбаланд ва ифтихорманд аз онем, ки сазовори боварии боэътимоди Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидем. Хулоса, фаромуш набояд сохт, ки имрўзу фардо ва пасфардои Ватани азизамон дар дасти ҷавонони ватанпарвар аст ва суботкорону ояндасозонаш низ ҷавонон аст.

 

Албина МИРЗОКУЛОВА,

донишҷўи курси 3 факултети забони англисӣ