Имрӯз 1-уми октябри соли 2020 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иштироки Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳи ДДБ, Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон  ва ҳайати ҳакамон оғоз гардид, ки дар он ғолибони даври шаҳрию ноҳиявӣ ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифта, аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классику муосир ва адабиёти ҷаҳон, қироати ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқӣ байни ҳам қувваозмоӣ менамоянд.  

Дар маросими ифтитоҳи озмун Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда аз ҷумла таъкид дошт, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ифтихори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 бори аввал роҳандозӣ гардид, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ мебошад.

sdr

Дар идомаи суханронӣ зикр намуд, ки озмуни мазкур миёни сокинони ҷумҳурӣ маҳбубияти махсус пайдо намуда, назар ба соли пешин шумораи иштирокчиён ба маротиб зиёд гардидааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки миллати мо барандаи фарҳанги бою қадимӣ буда, ба гузаштаи худ арҷ мегузорад.

Сипас Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, иброз дошт, ки иқдоми маърифатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шавқ ва завқи сокинони мамлакатро дубора ба китобу китобхонӣ бештар намуд. Ин метавонад ҳисси хештаншиносӣ, ​ ватандӯстӣ, ​ эҳтиром ба таърих ва мероси гаронмояи ниёгон, ифтихор аз комёбиҳои даврони соҳибистиқлолии сокинонро бештар намояд.​

“Имсол бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи таърихӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардондани захираи луғавӣ, ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба тасвиб расид”, – афзуд Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон.

Муовини раиси вилояти Хатлон ҳозиринро бо ҳайати ҳакамон, ки иборат аз олимону суханварон, шоирону нависандагони мамлакат мебошанд, шинос намуд.

 

Рӯзҳои баъдӣ аз натиҷаи озмун низ бароятон иттилоъ медиҳем.

 

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ