Дар гурӯҳи 101-и ихтисоси методикаи таълими ибтидоӣ факултети педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав соати тарбиявии кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ Наргис Абдухалилова дар мавзӯи “Забон-пояи давлат” гузаронида шуд.

Дар дарс мудирони кафедараҳои факултети педагогика ва варзиш ва 16 нафар омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ иштирок доштанд.

Соати тарбиявӣ бо презентатсия ва айёнияташ ба қоидаҳои маъмули педагогӣ ҷавобгӯ буд. Омӯзгор бо риояи меъёрҳои забони адабӣ ва лаҳни бурро ба донишҷӯён муроҷиат менамуд ва мавзӯи соати тарбиявиро мефаҳмонид.

Дарсро Қудраттуло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба илм, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба тарбия ва Азиззода Рухсора Назир, нозири гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва ба омӯзгор Наргис Абдухалилова барои дар сатҳи баланд гузаронидани соати тарбисвӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

 

 

 

 

 

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ