Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадима ва поку тоза буда, таърихи дурру дароз дорад. Мо наслҳои имрӯза забони тоҷикиро аз соҳибзабонони худ мерос дониста, омӯзиш ва нигоҳ доштани онҳоро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи хеш медонем.

 

Масъалаи ҳифзи забони давлатӣ хеле нозуку ҳассос буда, ба раванди инкишофи ҷомеа алоқамандии сахт дорад. Дар тамоми қишрҳои ҷомеаи мо истифодаи забон мавқеи махсус дорад. Агар забон дар ҷомеа мақоми худро наёбад, он ба забони хонаводагӣ табдил меёбад, аммо ин маънои аз байн рафтани забонро надорад. Аз ҷониби дигар, дар ҷомеаи мо сиёсати давлат дар самти забон оқилона ба роҳ монда шудааст. Аз ҳама муҳим, таваҷҷуҳ ва алоқамандии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба забон мебошад. Аз ин рӯ, бо дили пур метавон гуфт, ки забони давлатӣ ва дигар забонҳо дар ҷомеаи мо пуштибону ғамхори худро доранд.

 

Қобили зикр аст, ки раванди иқтибосгирӣ дар забон амри воқеӣ буда, яке аз заминаҳои рушди таркиби луғавии забон маҳсуб меёбад. Забони тоҷикӣ дар тӯли мавҷудияти чандинҳазорсолаи худ аз забонҳои зиёде иқтибос гирифтааст, ки онҳо танҳо қабати вожагони забонро ғанӣ гардондаанд. Вожаҳои иқтибосӣ ба таври бутун ба забон ворид шуда, соҳибзабонон онҳоро дар ҳамон ҳолат шакл истифода мебаранд.

 

Дар забон қабати аз ҳама иқтибоспазир исм аст, вале дар забони тоҷикӣ дигар ҳиссаҳои нутқ ҳам иқтибос (хусусан аз забони арабӣ) пазируфтаанд. Раванди арабигароӣ дар забони тоҷикӣ садсолаҳо ҳанӯз идома дорад. Ва ин ба он оварда расондааст, ки 64 дарсади таркиби луғавии забонамонро имрӯз калимаҳои арабӣ ташкил медиҳанд. Танҳо унсурҳои устувори грамматикии забони тоҷикӣ ва шеваҳои зиндаи он имкон намедиҳанд, ки забон аз байн равад. Масъалаи дигаре, ки ба ҷомеа иртибот дорад, ин тарзи дурусти истифодаи воҳидҳои асосии забон мебошад.

 

Таблиғгарони асосии забон дар ҷомеа ВАО мебошанд. ВАО чун оинаи забон аст, ки акси онро омма мебинад ва чи гунае ки пешниҳод гардад, ҳамон тавр онро қабул мекунанд. Ҳатто назар ба ҳазорон китобҳои илмию бадеие, ки муҳаққиқону адибон таълиф менамоянд, барои омма забони ВАО дастрастар аст. Дар ин маврид ҳолати забони тоҷикӣ нигароникунанда мебошад.

 

Ҷиҳати дигари ҳифзи асолати забон ин муҳити хонаводагӣ мебошад. Ин масъала дар сафи пеш қарор дошта, ба равади таназзули он ҳамеша монеа эҷод карда метавонад. Дар ҳолати беэътиноӣ ва беаҳамиятии сутунҳои асосии хонавода –падару модар забон коста мегардад, асолати худро гум мекунад ва ҳатто аз истифода мебарояд. Бо кадом забоне, ки дар хонавода бо кӯдакон гап зананд, мақоми ҳамон забон дар хонавода устувор гашта, забони аслии кӯдак маҳсуб меёбад. Агар он забони ғайр бошад, дар кӯдаке, ки насли ояндаи миллат аст, бедор намудани ҳувияти миллӣ хеле душвор мегардад.

 

Нигаҳдору муҳофизи асосии забон насли хӯрдсол мебошад, то замоне ки насли хӯрдсоли мо бо забони тоҷикӣ сухан гӯяд, забони зиндаю ҷовид мемонад.

 

Меҳрубон НАЗАРОВ,

омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ