Худомӯзии омӯзгор ҳамон вақт самара мебахшад, ки агар кори мунтазаму пайдарпай ӯро фаро гирифта бошад ва аз рӯи нақшаи пешакӣ тартибдодашуда амал намояд. Мазмуни нақшаи худомӯзии педагогии муаллимро вазифаҳои таълимию тарбиявии муассисаи таълимӣ, дараҷаи тайёрии омӯзгор муайян менамояд. Худомӯзӣ ба ҷустуҷӯи роҳҳои самарабахши ҳалли вазифаҳои муҳим, ки дар назди муассисаи таълимӣ гузошта шудааст, нигаронида мешавад.

 

Аз ин нуқтаи назар, асосӣ мазмуни худомӯзии муаллимро зарур ва замонавӣ будани масъалаҳои мувофиқати мавзӯи худомӯзӣ ба шароити мушаххаси кори муаллим ва мувофиқати он ба талабот, шавқу ҳаваси ӯ ташкил медиҳанд. Одам дар ҷамъияте, ки аз он берун бошад, зиндагӣ карда наметавонад. Вале ҳама чиз бояд дар доираи қонун амалӣ гардад. Мактабиён ҳам дар доираи ҳамин қонунҳо мехоҳанд ба сиёсат, илм, техника, адабиёт, санъат ошноӣ пайдо намоянд. Онҳо ба масъалаҳои гуногун мароқ зоҳир менамоянд. Барои фаҳмидану муайян намудани шавқу ҳаваси бачаҳо, ба мақсади муайян равона кардани пешравии онҳо омӯзгоронро лозим аст, ки на танҳо фанни худро аъло донанд, инчунин донандаи хуби дигар илмҳои замона бошанд.

 

Ҳамаи ин муаллимро вазифадор менамояд, ки ғайр аз фанни худ аз дигар сарчашмаҳои ахборот истифода барад. Агар ӯ ин корро накунад, аз ҳамкасбон он тараф истад, ҳатто аз шогирдонаш қафо мемонад. Дар ин хусус далели сотсиологҳо диққатангез аст. Онҳо мисол меоранд, ки 60 – 70 фоизи талабагони синфҳои боло нисбат ба муаллимонашон аз навигариҳои илму техника ва маданият беҳтар воқифанд.

 

Чӣ бояд кард, ки муаллим пешопеши шогирдон қадам монад ва аз ҷониби дигар, дар сафи ҳамкасбони қафомондаи худ қарор нагирад. Албатта, ба ин савол ҷавоб бисёр аст. Таҳсили ғоибона дар донишкадаҳои олӣ, курсу семинарҳои дарозмуддату кӯтоҳмуддат дар назди донишкадаҳои такмили ихтисос, мактабҳои базавию иттиҳодияҳои методӣ, мактабҳои таҷрибаи пешқадаму маҳфили омӯзгорон ва ғайра. Вале ҳамаи онҳо ба кори мунтазаму пайдарпайи худомӯзӣ баробар шуда наметавонад. Худомӯзӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ беҳтарин роҳи баланд бардоштани такмили ихтисоси кадрҳо шумурда мешавад. Дуруст аст, ки гуфтаанд бузургони ҷаҳонро худомӯзӣ бузург кардааст.

 

Ба назар гирифтани ин далелҳо аз як тараф, ба табиати кори мо – муаллимӣ вобаста бошад, аз тарафи дигар дар раванди таълим тағийроти ҷиддӣ ба амал меорад. Барои ин муаллим баробари ба нақша даровардани мавзӯи худомӯзӣ онро ҳамчунин объекти таҷриба қарор медиҳад. Вагарна натиҷаи меҳнати худомӯзии муаллимро муайян кардан душвор аст. Ӯ пеш аз машғул шудан ба мавзӯъ дониш ва пешрафти бачаҳоро санҷида ва пас аз он боз месанҷад.

 

Натиҷаҳои аввалу охирро муқоиса намуда, ба худомӯзии худ ва таъсирнокии он ба ҷараёни таълиму тарбияи шогирдонаш баҳо медиҳад. Вале кор бо ин ба охир намерасад. Муаллим қайду ишораҳояшро истифода бурда, маърӯза менависад, дар иттиҳодияи методии мактабӣ, ноҳия ва агар лозим шумурда шавад, дар конфренсияю маҳфилҳои ҷумҳуриявии омӯзгорон баромад менамояд, ба тавсияи шахсони дахлдор маърӯзаашро дар шакли мақола тайёр карда, ба маҷмӯи мақолаҳо ё ба яке аз идораи нашрия месупорад. Иҷрои ин корҳо мунтазам худомӯзии муаллимро таъмин намуда, имконият медиҳад, ки аз натиҷаи он дигарон низ бебаҳра намонанд.

 

Бахтиёр НОЗИМОВ,

омӯзгори факултети педагогика ва варзиш