Субҳи 3 октябри соли 2020 дар варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар Хатлон сурат гирифт. Ҷавонон бо шиору навиштаҷоти ватандӯстона, парчамҳои рангоранг ва рӯҳияи ватандӯстона ҷамъ омада буданд. Онҳоро ҳисси меҳанпарастӣ ба ин макон раҳнамун сохта буд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар намояндагон аз шаҳру новоҳии вилоят ширкат варзида, наваскарони ихтиёриро бо дуои нек ба хизмати Модар-Ватан гусел карданд.

Нахуст, намояндаи комиссари ҳарбии вилояти Хатлон, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро ба самъи ҳозирин расонид. Аз ҷумла зикр кард, тибқи фармони Роҳбари давлат таъкид шудааст, ки раисони шаҳру ноҳияҳо бояд бо дарки масъулият якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монанд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, зимни баромадаш дар ин чорабинӣ гуфт, ки имрӯзҳо бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тамоми шароитҳо барои адои хизмати ҳарбии ҷавонон муҳайё карда шудааст.

– Хизмат кардан ба ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавон мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан-модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад, – идома дод раиси вилоят.
Ҳамчунин, Қурбон Ҳакимзода, зимни суханронии хеш кулли наваскаронро даъват намуд, ки онҳо дар баробари обутоби бадан, дар қисмҳои ҳарбӣ ба омӯхтани донишҳои замонавӣ, алалхусус, сиёсӣ ва низомӣ низ машғул шуда, мутахассиси варзида гарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки шаҳри Норак, ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шамсиддин Шоҳин нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артишро пурра иҷро карданд.  Чанд  ноҳияи дигари вилояти Хатлон дар арафаи иҷрои нақшаи даъват қарор доранд. 

 

Сипас, Ширмоҳи Сафарова, модари яке аз наваскарон, ба сухан баромада, гуфт, ки онҳо аз даъвати фарзандонашон ба сафи ҷавонмардони миллат мефахранд ва дигаронро низ ба он тарғиб менамоянд: «Ман аз он хушнудам, ки писарам ихтиёран дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат хизмати Модар-Ватанро ба ҷо меорад ва марзу буми ватанро ҳифз менамояд».

– Имрӯз боиси ифтихор аст, ки ман ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гашта, қарзи ҷавонмардиамро дар назди Ватан – модар адо хоҳам кард, – зикр намуд наваскар Алимов Суҳроб. – Ман ваъда медиҳам, ки хизматро бо сари баланд ва интизоми намунавӣ ба анҷом расонида, пас аз адои хизмат дар ҳама ҳолатҳо омодаам барои ин ватану миллат ҷони худро дареғ надошта хизмат намоям.

Қобили зикр аст, ки дар ин маросим туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят нишонаи қадрдонӣ аз ҷавононе, ки ба хизмати ватан мераванд, супурда шуд.

Маросими нонгазон аз ҷониби модарон хеле ҳаяҷонангез сурат гирифт. Онҳо ба наваскарон кулчаҳои ширмоли бо меҳру муҳаббати беандоза пухтаи хешро пешниҳод намуда, чун анъанаи куҳани аҷдодӣ дуои нек доданд. Зеро пос доштани кулчаи бомаззаи дастпази модар – нигоҳдорандаи оташи фурӯзони хонадон, ҳар як ҷавонро водор месозад, ки содиқона хизмати Ватан-модарро ба ҷо ораду бо сари баланд ба хона баргарданд. Дар ин баробар гулдухтарони зебои атласу чаканпӯш гулу рӯймолчаҳои нақшин ба наваскарон тақдим намуданд. Аз чеҳраҳои зебою нигоҳи гарму ошиқонаи духтарон эҳсос намудем, ки ба ин ҷавонмардон боварии комил доранд, то даме ки ин гуна родмардон марзу буми меҳани азизро ҳифз менамоянд, онҳо бо хотири болида ба омӯхтани илму ҳунар машғул ва бозгашти онҳоро бесаброна интизор мешаванд.

Зимни суҳбат бо даъватшавандагон аз шаҳру навоҳии вилоят равшан гардид, ки ҳамаи онҳо бо амри дил, бо хоҳиши хеш барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодаанд.

Дар охир, барномаи консертии санъаткорони Раёсати фарҳанги вилоят баргузор гардид. Дар анҷоми маърака падарону модарон бо дуои нек фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ