Бо ташаббуси Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи омӯзгор, ки ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад, ҳамаи устодону кормандони донишгоҳ бо мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин баробар ба ифтихори иди касбияшон  3 нафар омӯзгори донишгоҳ бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 5 нафари дигар бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 нафар бо Ифтихорномаву сипосномаи раёсати донишгоҳ ва 30 нафар омӯзгорон бо Ифтихорнома ва сипосномаи Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ