Имсол қабули донишҷӯён ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» дар асоси қонунҳои амалкунанда «Дар бораи маориф» сурат гирифтааст.

 Дар муассиса омодасозии мутахассисон аз ҷумлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ амалӣ мегардад. Аз ҷумла бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2020, №157 «Дар бораи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2020-2025», фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.06.2020, №1769, фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гузаронидани сӯҳбати довталабон дар соли таҳсили 2020-2021 бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати мамлакат гузаронида шуд.

 

Дар давоми 8 рӯз шурӯъ аз 18.06.2020 то 25.06.2020 аз 15 шаҳру ноҳия аз рӯи 16 ихтисос 146 нафар донишҷӯ қабул карда шуд. Танҳо ду ҷой барои духтарҳо, аз ҷумла (ихтисоси физика (фаъолияти илми педагогӣ) ва ихтисоси информатика) аз ноҳияи Қубодиён бо сабаби аз сӯҳбат нагузаштани довталабон холӣ монд, ки баъди иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабони нав аз сӯҳбат гузаронида мешаванд. Ба ғайр аз ин, бояд қайд намуд, ки 2 нафар довталабони ғолиби квотаҳои Президентӣ (як нафар духтар аз ноҳияи А.Ҷомӣ (ихтисоси физика (ФИП), як нафар писар аз ноҳияи Шаҳритус (ихтисоси таърих ва ҳуқуқ) бо сабабҳои муайяни оилавӣ аз таҳсил тариқи квота даст кашиданд.

 

Илова ба нақшаи қабул дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми ҶТ як нафар (духтар) тариқи квота барои фарзандони шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати НБА-и Чернобил зарар дидаанд, қабул карда шуд.

 

Инчунин тариқи квотаҳои иловагӣ аз ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 нафар ва аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбии воҳидҳои таъиноти махсуси сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 15 нафар ҳуҷҷат пешниҳод карда, бомуваффақият аз суҳбат гузаштанд.

 

Бо тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТ) нақшаи қабул чунин аст: рӯзона 1078 нафар ройгон, 2614 нафар шартномавӣ дар таҳсили ғоибона (фосилавӣ) 220 нафар ройгон, 765 нафар шартномавӣ (ҳамагӣ: 4677 нафар аз ҷумла 1298 нафар ройгон ва 3379 нафар шартномавӣ) қабул гардиданд.

 

Довталабони тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТ) дохилшуда, дар ду давра қабул карда шуданд. Бояд қайд намуд, ки дар даври аввали қабули довталабон аз рӯи тақсимоти асосӣ, ки санаҳои 25.07.2020 то 06.08.2020 баргузор гардид, ҷамъ 4040 нафар, аз ҷумла рӯзона 1073 нафар ройгон, 2259 нафар шартномавӣ ва дар таҳсили фосилавӣ 214 нафар ройгон, 494 нафар шартномавӣ ба ҳайси донишҷӯ қабул гардиданд. Дар даври дуюми қабули довталабон аз рӯи тақсимоти такрорӣ, ки санаҳои 17.08.2020 то 22.08.2020 баргузор гардид ҷамъ, 462 нафар, аз ҷумла рӯзона 17 нафар ройгон, 299 нафар шартномавӣ ва дар таҳсили фосилавӣ 5 нафар ройгон ва 141 нафар шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

 

Аз 4677 нафари нақшаи қабул 4502 нафар ҳуҷҷатҳои худро супориданд, танҳо 175 ҷойи ихтисосҳои гуногун холӣ монд. Иҷроиши нақша 96,3%-ро ташкил медиҳад.

 

Дар замони муосир ҷаҳон ба як қатор проблемаҳои глобалӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ки онҳо ба ояндаи инсоният хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.

 

Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои ташвишоваре, ки кулли мардуми сайёраро ба ваҳм овардааст, паҳншавии вируси COVID-19 мебошад. Бо сабаби пандемия соли таҳсили 2020-2021 баъд аз тақсимоти ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 175 ҷойи ихтисосҳои гуногуни шартномавӣ дар донишгоҳ холӣ монданд, инчунин имкони ба донишгоҳ дохил гардидани шаҳрвандони хориҷӣ низ, ки яке аз манбаъҳои ғанӣ гардидани буҷаи донишгоҳ мебошанд, маҳдуд гардид.

 

Бинобар ин, Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои беҳтар шудани шароити молиявӣ ва таъмини хароҷотҳои бинои асосии донишгоҳ дар нақша тибқи иҷозатномаи расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули донишҷӯёнро ба таври анъанавӣ (бе ММТ) ба роҳ монда, наздики 200 нафар довталабони (шакли таҳсили рӯзона ва ғоибона) ба тариқи имтиҳон аз сӯҳбат гузаронид.

 

Соли таҳсили 2020-2021 дар шуъбаи магистратура аз рӯи 26 ихтисос довталабон қабул карда шуд, ки нақшаи қабул 312 нафарро ташкил медиҳад. Аз 26 ихтисос танҳо 6 ихтисос ба миқдори нисбатан кам қабул шуданд, вале новобаста ба ин, нақшаи қабули магистратура дар донишгоҳ 100% иҷро шуд.

 

Довталабоне, ки барои идомаи таҳсил ва инчунин гирифтани маълумоти дуюм ҳуҷҷат пешниҳод карда буданд, санаи 23.08.2020 аз сӯҳбат гузаронида шуданд. Зиёда аз 90% довталабон аз сӯҳбат бо муваффақият гузаштанд ва ба курсҳои мувофиқ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ қабул карда шуданд.

 

Тарзу восита ва роҳу усулҳои болобурди сатҳи сифати таълим ва беҳтар гардонидани ҷараёни таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, ки мутахассисони соҳибмаълумоти ҷавобгӯи талаботи замони имрӯзро тайёр месозанд, аз устодон ҷаҳонбинии васеъи илмӣ, дониши воло, малака ва маҳорати касбии баландро талаб менамояд.

 

Х. ҲАМДАМЗОДА,

котиби масъули комиссия оид ба қабули довталабон