Устод бузургтарин кас аст, дар ҳоле ки бо асосҳои илм мусаллаҳ аст, тибқи он амал мекунад. Вай бояд бидонад, ки аз доротарини дороёни дунёву охират аст. Мақому мартабаи омӯзгори асил, ҳидояткунандаи башарият ба роҳи рост аз фаришта баландтар аст ва Худованд ӯро дӯст медораду намегузорад, ки хор гардад. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит сохт, ки давлати муаллим тарбияи дурусти шогирдон аст.

 

Соли 2005 ба ҳайси омӯзгори кафедраи навтаъсиси рӯзноманигории факултети филологияи  тоҷик ба кор даъват шудам. Роҳбарии факултетро профессор Искандар Икромов ба ӯҳда доштанд. Маро  дидан замон пурсиданд, ки ба кор омадӣ? Хеле дер омадӣ, вале кори нағз кардӣ, акнун зиёд кор карданат  даркор.

 

Устод зимни таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ аз фанни таърихи адабиёти тоҷик  ба мо дарс мегуфтанд. Дар баробари И. Икромов дигар устодон аз қабили,  А. Кучаров, Барот Нозимов, Акбар Шарифов ва сарвари кафедра устоди зиндаёд С. Саидҷафаров аз бахшҳои гуногуни  адабиёт ба мо таълим медоданд. Шояд донишу маҳорати маро ба назар гирифта, устодон баъди хатми факултет таклифи дар кафедра кор карданамро намуданд. Бо сабабҳои узрнок ин пешниҳодро қабул карда натавонистам.

 

Ниҳоят баъди чанд соли собиқаи корӣ дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ба ҳайси омӯзгор ба кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи  тоҷики ДДБохтар ба номи Носири Хусрав барои фаъолият даъват шудам. Давоми фаъолияти корӣ рӯзе ҳангоми дар кафедра будан  устод Икромов, ки он замон мудири кафедра буданд, ба ман муроҷиат намуда гуфтанд: вақти он расидааст,ки мавзӯи кори илмӣ интихоб намуда, ба кори таҳқиқӣ машғул шавӣ, ман худам роҳбарӣ мекунам. Ман барои боварӣ ба устод ташаккур баён намудам. Бо кӯмаки  устод  нақшаи  кори  таҳқиқиро  тахминан  муайян  намудем, вале  барои  корро  оғоз  намудан  адабиёти  заруриро  дастрас   карда  натавонистем.  Мавзӯи  кори таҳқиқии мо “Мақоми Абдуллоҳи Мисраъ дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ”, унвон дошта, шоири камомӯхтаи   Роғи Бадахшони Афғонистон буд ва  адабиёти  мавҷудбударо  танҳо  аз  Афғонистон  дастрас  кардан  мумкин  буд.  Вазъияти ноороми  Афғонистон  ба  ҳама  маълум  буд.  Бо  чандин  нафар  шахсоне  ки  ба  кишвари  ҳамсоя  рафтуомад  доштанд,  суҳбат  намудем,  вале  ҳамааш  бе  натиҷа  буд.  Хостам  номи мавзӯи  таҳқиқиро  дигар  намоям  ва ба устод  инро расонидам,  вале  устод  саросема  нашав, сабр  кун  илоҷашро  меёбем гуфтанд. Аз байн  чанде нагузашта  маро  ҷеғ  зада  илоҷи  корро  ёфтам гуфт.  Ягона  роҳ  бо Шарофиддин Имомов – сафири вақти Тоҷикистон дар  Афғонистон  дар  тамос  шудан  лозим  аст. Боварӣ  дорам, ки  танҳо  ба  воситаи  ин шахсияти барҷаста адабиёти лозимаро дастрас  кардан  мумкин,чунки вай ба қадри илму таҳқиқ мерасад.Сипас,  ба ман супориш доданд, ки рақами  телефони  сафирро  аз  Мирзоватан  Миров  ҳунарманди шинохтаи мардумӣ   дастрас намоям.

 

Ба воситаи бародарзодагонам рақами телефонии Мирзоватан Мировро гирифтаму  занг  зада,  худро  муаррифӣ  карда,  мақсадамро  фаҳмонидам. Дар ҷавоб гуфтанд, ки Шарофиддин Имомов пеш аз ҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон омаданист ва рақамро дода таъкид намуданд, ки агар ҳамин  рӯзҳо дар тамос шавед,  шояд  то  омаданашон  адабиёти лозимаи  шумора  дастрас  карда  тавонанд.  Баъди рақами озимаро гирифтан худи устод ба  Шарофиддин  Имомов занг  зада, мақсади  ташвиш доданро   фаҳмониду  бо  худ  овардани  девони Абдуллоҳ Мисраъро  хоҳиш  намуд.

 

Хушбахтона, дар рӯзҳои   ҷашни Наврӯз ҳангоми ба Ватан омадан,  Шарофиддин  Имомов  куллиёти  девони  Мисраъро   бо  худ  оварда,  дастраси мо намуданд. 

 

Ифтихор дорам, ки бо кӯмаку маслиҳатҳои устоди раҳнамо, падари маънавӣ, мавзӯи таҳқиқиамро соли 2019 ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ гардидам.

 

Устод Искандар Икромов 12.08.1943  дар деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба дунё омада, хатмкардаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1968) мебошанд. Мавсуф доктори илмҳои филологӣ (1992), профессор (1999) буда, дар ДДБ ба номи Носири Хусрав дар вазифаҳои декани факултети филологияи тоҷик (2001-2006) ва мудири кафедраи адабиёти тоҷик (2006-2014) кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2014 профессор ва мушовири кафедраи адабиёти тоҷик мебошад.

 

Устод муаллифи рисолаҳои “Абулфараҷи Рунӣ ва баъзе масъалаҳои сабки ироқӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик” (Душанбе; Ирфон, 1991), “Мақоми Анварӣ дар таърих ва инкишофи жанри қасида” (Душанбе; Ирфон, 1992), “Дар ҷустуҷӯи шуарои Роғ” (Душанбе; Кишоварз, 2008) ва зиёда аз 200 мақолаҳои илмию методӣ аст. Соли 2012 бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.

 

Устод дар донишгоҳ алҳол ба ҳайси профессори кафедраи адабиёти тоҷики факултаи филология фаъолият намуда, шогирдони зиёдеро тарбия намудаанд. Пайваста ба онҳо таъкид мекунанд, ки илм одамони тасодуфиро намепарастад. Илм шахсро ҳам донову кордон месозад ва ҳам масъулиятшинос мекунад, зеро роҳи илм пурпечутобу пурмашаққат аст ва ҳар кас мушкилии ин роҳро паси сар карда наметавонад. Ин аст, ки инсон бояд таҳаммулкор, пурсабру тоқат ва муҳимтар аз ҳама, ҳамеша дар ҷустуҷӯву  омӯзиш бояд бошад. И. Икромов, ки ин роҳро босаброна тай намуда, ба қуллаҳои баланди илм расидаанд, шогирдонро низ дар ҳамин руҳия тарбия намуда, ба омӯзишу таҳқиқоти нав ба нав ҳидоят менамоянд.

 

Имсол устоди соҳибэҳтиром, шахси ғамхору меҳрубон, марди фозилу оқил, олими шинохта ва пурмаҳсул, инсони накуном, поквиҷдону ҳалолкор, маслиҳатгару тарбиятдиҳанда Искандар Икромов ба синни мубораки 77 қадам гузошт. Дар арафаи иди омӯзгор Искандар Икромовро ба муносибати ҷашни фархунда ва иди касбиашон самимона табрику муборакбод намуда, ба устод умри дароз, саодатмандӣ, пирӯзӣ, иқболи баланд орзумандам ва умедворам, ки солҳои дароз сиҳату саломат, маслиҳатгару роҳнамои шогирдон бошанд.

 

Р. Қурбонова –номзади илмҳои филологӣ