Интихоб гаштани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солҳои 90-ум санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстию нотарсӣ буд, ки ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизоми иҷтимоиро муътадил ва сулҳу амниятро пойдор карда тавонист. Мактаби сарварии Пешвои миллат таълимгоҳест, ки дар марҳилаи бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи созандагиву бунёдкорӣ касб намудааст.


Қобили тазаккур аст, ки 5 октябр рӯзи зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.  Дарвоқеъ, “Мақоми арзандаи Пешвои миллат ин як амри таърихиест, ки он барои хизматҳои бузурги ӯ ба миллат мебошад. Агар хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро бо шуҷоату истеъдоди сарвариаш зам намоем, пеш аз ҳама, қобилияти баланд ва касбияти сиёсии ӯ ҳамчун пешвои сиёсӣ пеши назар меояд, ки ин боиси дастгирӣ ва эҳтирому ифтихор аст”.

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат дар таърихи навини давлатдории тоҷикон хизматҳоеро ба анҷом расонида тавонистааст, ки ормонҳои ҳазорсолаи тоҷикистониён ва тоҷикони дунё буданд. Ба даст овардани сулҳу ваҳдат, махсусан ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ба хотири ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо унвони «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардида буд, барои ваҳдати миллӣ заминаи босазое гузошт, ки ин ҳама аз ҳидояту ҷасорати ин фарзанди фарзонаи миллат буд.

Аз ин рӯ, хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба эътидол овардани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардонидани Созишномаи сулҳи тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи миллати тоҷик барои ҳамешагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.

Ҳидояту роҳнамоии Ҷаноби Олӣ ҳамчун меъмори ваҳдати миллӣ эътиқоди ҷавонони кишвар ва умуман мардуми моро ба ватандӯстӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дучанд намуда, барои бошандагони Тоҷикистони азизамон бузургтарин омили рушду инкишоф ва шинохти асолати миллӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки рисолати Пешвои миллат бештар ба хислатҳои шахсии ӯ, истеъдод ва маҳорати иҷтимоиаш вобастагӣ дорад, ки дар таҷрибаи зиндагӣ сайқал ёфта, тамоми ҳастии худро ба нафъи мардум ва рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон сафарбар менамояд.

Пешвои муаззами мо, марди таҳаммулпазир, сарвари шуҷои корзор, созандаю бунёдкор, ояндабину тозакор ва илмпарвару фарҳангсолор аст, ки ҳамеша мисли парастуи сулҳ муждаи оромию озодиро танинандоз менамояд, ки ин ҳама далели заковати худододии ӯ мебошад. Дастгириҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба бепарастону камбизоатон, беморону маъюбон, хислатҳои бузургӣ, дурандешӣ ва ҳамдардии ӯ ба ниёзмандони кишварамон мебошад, ки эътирофу эътимоди ӯро дар байни мардум меафзояд ва ин боиси ифтихори ҷавонон ва тоҷикони дунё гардидааст.

Мо – пайравони Пешвои миллат бунёди минбаъдаи киш­варамонро аз ҳидояту роҳнамоии Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои замони соҳибис­тиқлолӣ ва бурдбориҳои ваҳдати миллӣ медонем. Ваҳдат пойдевори ҳастии миллати тоҷик ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони беҳамто — кишвари куҳҳои сар ба фалаки биҳиштосо, макони обҳои мусаффо ва мардумони наҷиби ориёитабор ва шахсиятҳои барумандест, ки сулҳу ваҳдат аз азал паёми имрӯзу фардои ин Ватан аст.

Пешвои миллати мо кафили сулҳ, меъмори ваҳдат, пушту паноҳи тоҷикони дунё ва муаррифгари фарҳангу анъана ва асолати миллист, ки ба ӯ ҳамчун шахсияти таърихӣ ҳамеша ифтихор менамоем».