Ман ҳамчун як ҷавони хушбахт ифтихор мекунам, ки дар Ватани ободу озод ва соҳибистиқлолу рӯ ба рушд зиндагӣ мекунам. Ин ҳама пешравиҳои Тоҷикистонро ба фаъолияти шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии халқ аз ин сиёсат арзёбӣ мекунам.

 Имрӯзҳо чанд нафаре бо номи гурӯҳи мухолиф ҳарзагӯӣ мекунанд, ки инсонро ба фикри солим намудан водор мекунад. Пеши назарам ҳамеша пандҳои бузургон меояд, ки гуфтаанд: «Инсон набояд фирефтаи ҳавою ҳавас гардад». Ҳама суханро санҷида баъдан хулоса баровардан лозим аст. Ман имрӯз ҳама суханони роҳбари ҲНИ-ро сахт маҳкум мекунам. Онҳо тӯли чандсолаҳо хостанд бо ҳар роҳе набошад ҳокимиятро зуран аз худ кунанд.

Бояд андешид, ки чаро мардум аз ҳадафу мақсадҳои пурғарази он палидони тахрибкор бехабар монда, ба фитнаву дасисаи онҳо фирефта шуданд ва ба сафи онҳо ҳамроҳ гардиданд? Қисме онҳоро тарафдорӣ кардаву номаи аъмоли худро сиёҳу оила ва наздикони худро зери бори маломат қарор доданд.

Ҳар касе, ки иродаи қавӣ дорад, худогоҳ ва соҳиби ақлу рӯҳи солим аст, моҳияти ҳастии гурӯҳҳои террористӣ-экстремистиро бояд дарк карда, ҳадафу нақша, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва алоқамандиву муносибаташонро бо дину мазҳаб мавриди таҳлил қарор дода тавонад. Ва ҳатман муайян хоҳад кард, ки террорист ва экстремист дар тӯли мавҷудият кадом рисолатро назди ҷомеаи инсонӣ анҷом додааст Пас аз андешаву хулосабарорӣ, ҳар шахси бедордилу соҳибмаърифат хуб дармеёбад, ки терроризм ва ифротгароӣ дар ҳар шакле, ки зуҳур карда бошад, ҷуз қатлу куштор, дуздиву ғорат, ваҳшонияту хунрезӣ, ақибмондагӣ, вайронкорӣ, талафоти бузурги ҷонӣ, зарари беҳисоби моддиву маънавӣ ва рӯзгори сангину пурдард дигар чизеро ба ҷомеаи инсонӣ ба мерос нагузоштааст.

Ҷавонон ва нерӯи созандаи онҳо метавонад, дар рӯ ба рӯи ҳама таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир истодагарӣ намояд. Ҷавонон созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистон ва давомдиҳандагони ҳадафҳои олии гузаштагон мебошанд. Маҳз ҳамин қувва метавонад мавҷуди хатарнокро нобуд ва вуҷуди манфиатбахшро пайдо кунад.

Мо ҷавонон аз сиёсати Пешвои муаззаму маҳбуби миллат дастгирӣ намуда, пайравони воқеии Эмомалӣ Раҳмон буданамонро бояд собит созем.

 

Насимуилло ЗАРДИЕВ,

доншҷӯи курси 4 факултети

педагогика ва варзиш