Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешрафти соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса доранд. Дар ҳар як баромадашон масъалаҳое муҳокима мешаванд, ки ба беҳбуд, тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи маънавиёти мардум алоқаманданд.

 

Дар Паёми имсолаи Президенти мамлакат ин масъалаҳо бори дигар мавриди таҳлилу баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд. Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла қайд менамояд: «Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад.

 

Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Вобаста ба ин, бори дигар ба падару модарон,масъулини таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоям, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандӯзӣ ва касбу ҳунаромӯзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро ба мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд».

 

Воқеан ҳам, вақте ба гузаштаю имрӯзи кори таълиму тарбияи ҷавонон аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо медиҳем, ба хубӣ дарк мекунем, ки кори мо, омӯзгорон ҳанӯз ба талаботи рӯз пурра ҷавоб дода наметавонад. Чӣ ҷойи шубҳа. Алоқаи таълимгоҳҳою оила суст асту касе ба он эътибор намедиҳад.

 

Падару модароне ҳастанд, ки ба харидани мошинҳои сабукраву сохтани хонаҳо қудрат доранду ба шароити хондани фарзандонашон эътибор намедиҳанд. Солҳо мегузаранду боре ҳам ба таълимгоҳ намеоянд, аз ҳоли фарзандони худ хабар намегиранд.

 

Аз ин рӯ, дар назди армияи бисёрнафараи омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа вазифа меистад, ки барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

 

Такмили мундариҷаи маълумот дар мактаби олӣ татбиқи бевоситаи усулҳои пешқадамеро, ки алҳол дар амалия озмуда шудаанд (лексия ва семинарҳои проблемавӣ, машғулиятҳои озмоишӣ, корҳои таълимӣ –таҳқиқотӣ, корҳои мустақилонаи мазмуни эҷодӣ дошта) ва дигар шаклу усулҳои нави таълимро тақозо менамояд. Яъне роҳу усулҳоеро бояд ҷуст, ки ҷараёни таълим ботадриҷ фаъолонида шавад. Талаби замон ин аст, ки донишҳои зарурии касбӣ, малакаҳои амалӣ на бо роҳи азёдкунии маводи таълимӣ, балки бо роҳи ташкили корҳои фардию аҳлона, корҳои мустақилонаи эҷодӣ ва ғайра азхуд карда шаванд. Бо ин мақсад истифода бурдан аз усулҳои фаъолу замонавӣ ҷараёни таълими мактаби олиро рангину самаровар мегардонад.

 

Дар байни методҳои анъанавӣ ва усулҳои фаъоли таълим набояд тафовут гузошт. Ҳамон як усулро дар машғулиятҳои гуногун ва дар вазъиятҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст. Татбиқи босамари усулҳои фаъоли таълим аз бисёр ҷиҳат ба фаҳмиши амиқи функсия ва хусусиятҳои хоси масъалаҳое, ки дар дарсҳои назариявию амалӣ муоина мегарданд, вобаста аст. Яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таълим ва беҳтар шудани сатҳи донишомӯзии донишҷӯён ба шахсияти омӯзгор ва дараҷаи касбии ӯ вобаста аст.

 

Воқеан ҳам, мавқеи омӯзгор, омодагии хуби касбии ӯ ба сатҳи донишандӯзии шогирдон таъсири мусбӣ мерасонад. Омӯзгори имрӯза дар симои донишҷӯ ҳамақида ва ҳамфикри худро бинад, барои хубтару беҳтар гаштани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён аз усулҳои фаъоли таълим самаранок истифода намояд.

 

Вақти он расидааст, ки муносибатро ба омӯзгор ба куллӣ тағйир диҳем. Ӯро аз вазифаҳои ба кори омӯзгориаш бегона озод карда, вақту қуввату ғайрати вайро барои иҷрои вазифаи наҷибонаи омӯзгорӣ истифода намоем.

 

Ҳамин тариқ, вазифаҳое ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузоштааст, моро ба сӯи пешрафти адолати иҷтимоӣ ҳидоят месозанд. Барои ба қуллаи мурод расидан ҳоло бо тарзу усулҳои кӯҳна кор кардан номумкин аст. Зиндагӣ ҷараён дорад ва бо умеди фардои дурахшон ранҷу заҳмат мебояд кашид.

 

Ҷ. ШАРИФОВ,

профессор