Мафҳуми Хирш дар олами илм соли 2005 пайдо шуд. Ин индексро профессори Донишгоҳи Калифорния Сан-Диего Хорме Хирш – физики амрикоӣ, ки дар Аргентина таваллуд ёфтааст, коркард намуд. Ҳарчанд ки таъиноти асосии он арзёбии объективонаи пурмаҳсули фаъолияти олим мебошад, дар асл аксари олимон нисбати он нобоварӣ зоҳир менамоянд.

 

Ин индекс ба фаъолияти истеъдодҳои ҷавон ва олимони варзида зарари калон мерасонад, зеро ки онҳоро бо беистеъдодон дар як қатор мегузорад.

 

Сабаб дар он аст, ки Индекси Хирши олимон аз миқдори интишорот ва сатҳи иқтибосшавандагӣ вобаста аст. Бинобар ин, он намояндагони ҷомеаи илм, ки бо пуркунии Интернет бо осори илмии бардурӯғ машғуланд, нисбат ба онҳое, ки бинобар ҷавон ё хеле серкор будан танҳо 1-2 асари арзанда нашр кардаанд, индекси хеле баланд доранд.

 

Ба ин норасоиҳо худи Хорме Хирш ишора карда буд. Чунончи, яке аз сутунҳои илми муосир Эварист Галуа индексеро дорад, ки он танҳо ба 4 баробар аст ва ин нишондиҳанда хеле паст ҳисоб меёбад. Масалан, ҳоло барои ёфтани кор дар донишгоҳи бонуфузи амрикоӣ индекси на камтар аз 10 доштан зарур аст.

 

Аммо, сарфи назар аз норасоиҳои ҷойдошта, ин индекс фаъолона истифода мешавад ва ҳоло онҳое, ки дар дилхоҳ соҳаи илм мавқеи бомуваффақиятро ба даст овардан мехоҳанд, ба он диққат медиҳанд, то ин ки ба нишондиҳандаҳои хеле баланд расанд. Ин олимонро аз фаъолияти сирф илмӣ дур мекунад, аммо чунин аст воқеияти ҳаёти муосир. Вижагиҳои ҳисобкунӣ.

 

Алгоритми «Индекси Хиршро чӣ тавр бояд муайян кард». Бигзор, муаллиф Np корҳо дошта бошад, аз байни онҳо h ба ҳадди ақал h маротиба иқтибос шудааст, корҳои боқимонда (Np- h) назар ба h маротиба камтар иқтибос шудаанд. Он гоҳ Индекси Хирши муаллиф ба h баробар аст.

 

Намунаҳои ҳисобкунӣ.

 

Намунаи 1. Муаллиф дар давоми сол 20 мақола чоп кард. Аз ҳар як мақола якмаротибагӣ иқтибос оварданд. Дар ин ҳолат Индекси Хирши олим ба 1 баробар мегардад.

 

Намунаи 2. Муаллиф як мақола навиштааст. Аммо он вокуниши илмиро ба вуҷуд овард ва аз он 30 маротиба иқтибос оварданд. Индекси Хирши ин муаллиф ба 1 баробар мешавад.

 

Намунаи 3. Олим 6 мақола чоп кард. Аз мақолаи якум 5 маротиба, аз мақолаи дуюм 4 маротиба ва ҳамин тавр аз ҳар мақолаи навбатӣ камтар иқтибос овардаанд. Ҳисобкунии h индекс барои ин муаллиф чунин мебошад:

 

– мақолаи якум 5 иқтибосу мақолаи дуюм 4 иқтибос дорад. Ҳамин тариқ, ду мақолаи муаллиф на камтар аз 4 иқтибос доранд;

 

– баъдан, мақолаи сеюм 3 иқтибос гирифтааст. Яъне муаллиф 3 мақола дорад ва онҳо на камтар аз 3 маротиба иқтибос оварда шудаанд (ин ва дутои пешина). Индекси Хирш ҳосил шуд: 3 мақола ва на камтар аз 3 иқтибос дар ҳар як h-index=3;

 

– ба ҳар як мақолаи боқимонда камтар аз 3 иқтибос рост меояд ва онҳо ба ҳисобкунии индекс таъсири худро намерасонанд.

 

Афзалиятҳои Индекси Хирш бо норасоиҳои он алоқаи ногусастанӣ дорад. Он муаллифро водор менамояд, ки корҳои худро мунтазам чоп кунад, сифати онҳоро пайгирӣ намояд, бо ҳамкорон ҳамеша дар алоқа бошад, то ин ки иқтибосшавандагии хуб таъмин гардад. Бо вуҷуди ин, олимоне, ки бо лоиҳаи калони ҷиддӣ банданду ин лоиҳа баъд аз якчанд сол ба илм навгоние мебахшад, инчунин онҳое, ки дар соҳаҳои махсус (масалан, фаслҳои маҳдудихтисоси математика) кор мекунанд, ҳеҷ гоҳ индекси баланд дошта наметавонанд.

 

Ҷавоб ба саволи «Чӣ тавр бояд индекси Хиршро баланд бардошт?» аз ду қисм иборат аст: якум, мунтазам бояд мақолаҳои худро чоп кард; дуюм, ба корҳои худ иқтибосшавандагиро таъмин кардан зарур аст. Агар банди якумро иҷро кардан хело осон бошад: агар муаллиф фикру ақидаи нотакрор дошта бошад, онҳоро рушд медиҳад, амиқ мегардонад, ҳаматарафа баррасӣ менамояд, амалан то беохир тарғиб мекунад, пас иҷрои банди дуюм хело мушкил аст.

 

Ҳатто кори аз ҳама беҳтарин иқтибос намегардад, агар он дар захираи номашҳур нашр шуда бошад. Нашр дар захираи рейтингӣ як миқдор хароҷоти моддиро талаб мекунад. Аммо он иқтибосшавандагии хеле хубро таъмин менамояду ба рушди устувори индекс мусоидат мекунад. Вале ҳатто агар кор дар нашрияи рейтингӣ ба чоп расад, барои ноил гаштан ба мақсади гузошташуда қадамҳои зерин бояд гузошт:

 

– бодиққат фикр карда баромадани сарлавҳаи мақола – он бояд на танҳо моҳияти корро инъикос намояд, балки боз диққатҷалбкунанда ва аз рӯи имконият кӯтоҳ бошад;

 

– интихоб намудани вожаҳои калидӣ. Ин банд чунон муҳим аст, ки интихоби вожаҳои калидиро ба мутахассисони пешбарандаи мавод месупоранд;

 

– тартиб додани аннотатсияи хеле хуб, ки он маҷмӯи пурраи вожаҳои калидиро низ бояд дар бар гирад.

 

Риояи ин қоидаҳо ба мошинҳои ҷустуҷӯӣ имкон медиҳанд, ки мақолаи шуморо «бинанд» ва ҳамзамон дар истифодабарандагон хоҳиши хондани мақола ва аз он иқтибос оварданро бедор намоянд.

 

Баҳрулло ФАЙЗАЛИЗОДА,

мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика