Таҷрибаомӯзӣ ба таҳкими донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва такмили малакаю маҳорати амалӣ дар касби интихоб карда равона гардида, бо мақсади нишон додани таҷрибаи пешрафта ва истифодаи он дар корҳои таълимӣ ҳамзамон, дар ниҳоди онҳо тарбия намудани ҳисси муҳаббат нисбат ба касби интихоб шуда ташкил ва баргузор мегардад.

 

гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва омӯзгорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои Бохтар, Леваканд, ноҳияи Кушониён ва барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ бо бештар аз 200 корхона ва муассисаҳои шаҳри Бохтари вилояти Хатлон шартномаҳои тарафайн баста аст.

 

Пеш аз гузаронидани таҷрибаомӯзӣ аз ҷониби раёсати таҳсилот ҷадвали таҷрибаҳои таълимию истеҳсолӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби ноиби ректор оид ба таълим, профессор Абдураҳимзода Қ.С. тасдиқ карда шудааст.

 

Аз ҷониби раёсати таҳсилот ва роҳбарияти факултетҳо ҳар ҳафта маълумотнома оид ба рафти таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ таҳия карда шуда, дар ҷаласаҳои пагоҳирӯзии назди ректор мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

 

Дар факултети математикаинформатика дар нимсолаи дуюми соли таҳсили дар боло зикршуда, тибқи нақшаҳои таълимӣ донишҷӯёни курсҳои 4-уми ихтисосҳои автоматикунонии системаҳои коркарди иттилоот, низом ва технологияи иттилоотӣ ба мӯҳлати 6 ҳафта аз 30.03.2020 то 16.05.2020 барои гузаштани таҷрибаи пешаздипломӣ дар назди кафедраҳои факултет, кор бо роҳбарони илмӣ сафарбар карда шуданд.

 

Мувофиқи пешниҳоди деканати факултет аз рӯи 2 ихтисос дар маҷмӯъ 50 нафар донишҷуён ба раёсати таҳсилоти донишгоҳ барои сафарбаршавӣ пешниҳод карда шуданд.

 

Дар маҷмӯъ 10 гурӯҳи академӣ дар нимсолаи мазкур ба таҷрибаомӯзии таълимӣ сафарбар карда шуданд, ки ба онҳо аз кафедраҳои информатика ва технологияи иттилооти коммуникатсионӣ, системаи идоракунӣ-иттилоотӣ ва методикаи таълими математика ва информатика як қатор устодон тибқи тақсимоти сарбориашон роҳбарӣ намуданд.

 

Қобили зикр аст, ки барои ташкил кардани ҷои гузариши таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва таълимӣ (пойгоҳҳои таҷрибаомӯзӣ) раёсати ДДБ ба номи Носири Хусрав, махсусан барои ихтисосҳои автоматонии системаҳои коркарди иттилоот, низом ва технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа ва тақсимоти иттилоот ва информатика дар айни замон ҷамъ бо 34 корхона, муассиса, ташкилот, бонкҳо ва хоҷагиҳои истеҳсолии вилояти Хатлон шартномаҳои дутарафайнро то соли 2021 ба имзо расондааст.

 

Дар асоси баҳои ҷамъбастии рейтинг ва бо қарори кафедра (Суратҷаласаи №10 аз 29.05.2020) ҷамъбаст карда шудаст, ки аз баъзе камбудию норасоиҳо холӣ нест. Аз ҷумла, дар варақаҳои баҳогузорӣ ва дар суратҷаласаи кафедра имзоҳои шахсони масъул дида нашуд ва ҳисоботи роҳбари таҷрибаомӯзӣ пурра омода ва дастраст нагардид, дар ихтисосҳои автоматикунонии системаҳои коркарди иттилоот, низом ва технологияи иттилоотӣ курсҳои 4-ум рӯзномаҳо аз ҳисоби роҳбарони илмӣ пур карда нашудааст ва камбудиҳои имлоӣ ва техникӣ низ мушоҳида карда мешавад.

 

Ҳамин тариқ, дар факултети мазкур теъдоди 49 нафар донишҷӯён бояд ба таҷрибаҳои истеҳсолӣ-таълимӣ ҷалб карда мешуданд. Аз ин теъдод 47 нафар дар тарибаҳои истеҳсолӣ ва таълимӣ иштирок намуда, 2 нафари дигар бо сабабҳои гуногун дар таҷрибаомӯзиҳои номбаршуда, иштирок накарданд. Нисбати донишҷӯёни дар таҷрибаҳо иштирок накарда, аз тарафи маъмурияти нави факултет чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

 

Дар факултети техникӣ ва технологӣ барои гузаштани таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ курсҳои 4-ум ихтисоси ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ ва ихтисоси ташхис ва идоракунии амволи ғайриманқул аз 26.03.2020 то 15.04.2020 ба корхонаҳо ва ташкилотҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар сафарбар шудаанд.

 

Мувофиқи пешниҳоди деканати факултет аз рӯи 2 ихтисос, курсҳои 4-ум дар маҷмӯъ 56 нафар донишҷуён ба раёсати таҳсилоти донишгоҳ барои сафарбаршавӣ пешниҳод карда шуданд.

 

Дар санаи 26. 03. 2020 тибқи ҷадвали гузарондани  конференсияҳои дастурдиҳии таҷрибаомӯзӣ дар факултетҳои донишгоҳ, ки аз ҷониби ноиби ректор оид ба таълим, профессор Абдураҳимзода Қ.С. тасдиқ шудааст, дар толори лексионии факултет бо иштироки роҳбари таҷрибаомӯзии донишгоҳ Холматов Саидҷон, декани факултет дотсент Муродов Ф. мудирони кафедраҳои факултет бо донишҷӯёни курси 4-ум конференсияи дастурдиҳии таҷрибаомӯзӣ гузаронида шуд, ки иштироки донишҷӯён 98,2 %-ро ташкил намуд.

 

Давомоти донишҷӯён ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, мунтазам дар зери назорати қатъӣ сурат гирифтааст.

 

Дар рафти санҷиш як қатор камбудиҳо оид ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ошкор шуданд. Аз ҷумла

 

– дар рафти таҷрибаомӯзӣ баъзе донишҷӯён бо сабабҳои гуногун ба қадри имкон иштирок карда натавонистанд;

 

– ҳисоботҳо оиди таҷрибаомӯзӣ аз тарафи донишҷӯён ба пуррагӣ пешниҳод карда нашуд;

 

– аз тарафи шахсони масъули корхонаҳои истеҳсолӣ, нисбати донишҷӯёни таҷрибаомӯз, баъзе камбудиҳо ба монанди риоя накардани сару либоси тавсиявӣ, интизом ва риоя накардани интизоми меҳнат, арзу шикоятҳо карда шуд.

 

Камбудиҳои дар боло зикр гардидаро декани факултет ба назар гирифта, нисбати донишҷӯёне, ки дар рафти таҷрибаомӯзӣ қонуну қоидаҳои корхонаҳои истеҳсолиро риоя накарданд, чораҳои зарурӣ дида шуд.

 

Б. ШОДИЕВ,

мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит