Қадри инсон ба андозаи дониши ӯ вобаста аст, қиммати ҳар кас ба қадри илми ӯст. Маҳз тавассути илму дониш инсоният рӯз то рӯз ба кашфиёти навноил мегардад.

 

Инсоне, ки илм надорад, мисли дарахти бесамар аст. Агар мо, ҷавонон барои омӯхтани илму ҳунар кӯшиш накунем, ҳеч гоҳ наметавонем ба муроди худ бирасем. Инсон ба воситаи илму ҳунар ба комёбиҳо ва мартабаи баланд мерасад. Дар Қуръони шариф зикр шудааст, ки ҳеҷ гоҳ олимону ҷоҳилон баробар нестанд, балки дараҷаи олимон болотар аст. Дар ҳадисҳои бузурги пайғомбарамон низ ҳамаи умматон чӣ зану чӣ мард ба омӯхтани илм тарғиб карда мешаванд. Чунончӣ: «Талаби илм бар тамоми марду зани мусулмон фарз аст», ё «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй».

 

Илму дониш ва ҳунарро бо пулу мол наметавон ба даст овард. Ва дар ин бора ду фикри Саъдии Шерозӣ аҳамияти бузург дорад. Аввал он ки илму дониш, ҳунар ва адабро наметавон бо пулу мол ба даст овард, яъне онро харидан мумкин нест. Дуввум ақлу ҳунарро Саъдӣ аз ганҷи падар авло мешуморад. Ба ақидаи ӯ ҳунар аз ному насаб ҳам боло меистад. Ин ақидаро Саъдии бузургвор тамоми умр тарғиб мекард. Муаллиф меорад; «Аъробиеро дидам, ки писарро ҳамегуфт; Турро пурсанд, ки ҳунарат чист, нагӯянд, ки падар кист». Барои он Саъдӣ ҳунарро аз молу сарват боло мегузорад, ки ҳунарвар ҳунарро ҳар қадар бештар харҷ кунад, он ҳамон миқдор зиёдтар сайқал меёбад. Аммо пулу мол бо харҷ кардан рӯ ба костан мениҳад. Шахси ҳунарманд ҳеч гоҳ хор намешавад ва муҳтоҷ ба касе нахоҳад шуд.

 

Дар зиндагӣ ду нафар метавонад зиндагиашро хуб пеш барад, яке соҳибилм ва дигаре соҳиби касбу ҳунар. Ҳар шахс бояд то ҳадди аққал соҳиби касбе бошад, то дар зиндагӣ азоб накашад. Чи гунае ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамавақт ҷавононро таъкид медоранд: «Хонед, илм омӯзед, касб омӯзед, ҳунар омӯзед, то ки дар оянда хор нашавед».

 

Фирдавс ЗУВАЙДУЛЛОЕВ,

донишҷӯи курси 5-уми факултети техникӣ ва технологӣ