Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳоло давраи гулгулшукуфӣ ва пешравии бесобиқаи таърихиро гузаронида истодааст. Дар ҳеҷ замоне мардуми тоҷик ба монанди ҳозира зиндагии осудаву осоишта ва таъминоти молиро соҳиб набудаанд. Мардуми меҳанпарвар ва меҳнатдўсти мо аз он ҷиҳат, ки оқибат ба сулҳу оромӣ расидаанд, хеле шукргузор ҳам ҳастанд.

Даркишвари азизи мо Тоҷикистон озодии виҷдон комилан ҷорӣ гардидааст ва тақрибан кулли шаҳрвандониТоҷикистон мардуми мусулмонанд. Азбаски оини ислом саршор аз андешаҳои башардўстона ва адлу дод аст, он бо низоми давлатдорӣ дар Ватани мо мувофиқ ва муштарак мебошад.

Вале гоҳ-гоҳе шунидани хабарҳои нохуш доир ба амалҳои хиёнаткоронаи афроди моҷароҷў, ки чунин зиндагии осудагии моро ноором карданӣ мешаванд, ҳар каси солимфикр ва ватандўстро ба ѓазаб меорад.

Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ибтидои асри XXIба хатари ҷиддӣ“Терроризми байналмилалӣ” хатар эҷод кардааст. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоти маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ин вазъияти баамаломада хавфу хатар дар Тоҷикистони мо низ дорад. Ҳарчанд ин зуҳуроти номатлуб, яъне терроризм ҳамчун ҳаракати ифротгаро ҳисобида шуда, ба воситаи васоити ахбори умум, гузоришоти Президенти кишвар ва шахсони барўманд маҳкум гашта истодааст, вале боз ҳам ҷалб гаштани ҷавонони гумроҳ ба ин равияҳо ба мушоҳида мерасад.

Пас аз тамошои филми “Хиёнат” нисбати баъзе ашхосон ба монанди Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш бо нияти ноором сохтани фазои кишвар ҳарчанд кирдорҳои гўшношунидеро роҳандозӣ карда буданд, вале ба мақсад расида натавонистанд, нафрати кас меояд.

Халқ онҳоеро, ки иштибоҳ карданад, чун Ҷамшед Назруллоев, Ҳикматулло Сайфов, Раҳматуллоев Маҳмадалӣ, Хабибулло Мирзошарифов, Нурулло Хайруллоев ва дигарон гарчанд дар як равия бошанд ҳам амалҳои ҳаммаслакашон Муҳиддин Кабириро маҳкум карда, ҳисси нафрату адовати хешро дар филми “Хиёнат” ифода намудаанд.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Муҳиддин Кабирӣ ва хоҷагонаш мехоҳанд, ки кишвари азизамон ба қатори чунин кишварҳо мубаддал гардад. Мақсади асосии ин ашхос пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист махсусан барои дарёфти миллиардҳо мебошад.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо, ҳамеша бо суханони Пешвои миллат пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани азизомодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгириву ҷонибдорӣ мекунем. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ тавонист, ки давлатро поянда гардонида, осоиштагии миллии онро таъмин намояд ва омили муҳими такмилбахши сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пойдории якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлолу ягона гардад.

Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав