dav

Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои итттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.

 Дар факултети техникӣ ва технологӣ 40 – нафар омӯзгорон ва коркунони техникӣ кор мекунанд. Аз ин шумора 7 – нафар лаборантон мебошанд. Дар факултет 32 гурӯҳи академӣ таҳсил мекунанд, ки аз ин шумора 2 гурӯҳаш магистрон мебошанд. Факултет 12 аудиторияи дарсӣ дорад, ки аз инҳо 2- тоаш кабинети фаннӣ буда, бо проектор ва доскаи электронӣ муҷаҳҳаз мебошад. Ба ғайр аз ин, дар факултет 4 озмоишгоҳ – озмоишгоҳи масолеҳҳои сохтмонӣ, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, озмоишгоҳи сохти автомобил, геодезияи муҳандисӣ ва 2 устохонаи таълимӣ -коргоҳи дӯзандагӣ, устохонаи коркарди чӯб мавҷуд аст, ки аз ҳамаи ин шароитҳо донишҷӯён фаъолона истифода мебаранд.

Дар кафедраи нақлиёти автомобилӣ дар соли таҳсили 2020-2021 аз рӯйи 39 фанни таълимӣ дарсҳо ба нақша гирифта шудаанд. Аз рӯйи ҳамаи фанҳои омӯхташаванда силлабусҳо вуҷуд доранд. Аксарияти омӯзгорони кафераи нақлиёти автомобилӣ омӯзгорони ҷавон мебошанд. Ба кафедра лозим аст, ки ҷиҳати омода намудан ва ҷалб намудани устодони дорои дараҷаи унвони илмидошта кӯшиш намояд. Инчунин ҷиҳати омода намудани озмоишгоҳҳо ба дарсҳо, яъне ҷиҳозонидани онҳо бо асбобу лавозимоти зарурӣ ва дастуру нишондодҳои методӣ барои донишҷӯён чораҳои лозимӣ андешанд.

Аз тарафи устодони кафедраи сохтмон то ҳадди имкон барномаҳои таълимӣ таҳия шудаанд. Кафедра бо дастгирии раёсати донишгоҳ ба маблағи зиёда аз 20 000 сомонӣ адабиёти тахассусӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёриро дастрас намуд ва муддати нимсолаи якуми соли хониши ҷорӣ як озмоишгоҳи муосир бо маблағи зиёда аз 450 000 сомонӣро ташкил менамояд.

Инчунин аз тарафи устодони кафедра 2 дастури методӣ барои гузаронидани машғулиятҳои озмоишӣ омода карда шуда, барои тасдиқ ба ШИД донишгоҳ пешниҳод шудааст.

Дар кафедраи сохтмон як озмоишгоҳ «Геодезияи муҳандисӣ ва маводи сохтмонӣ» мавҷуд буда, дар ояндаи наздик баҳри беҳбудии сифати таълим кафедра барои 4 фан ташкил намудани ду озмоишгоҳи дигарро ба нақша гирифтааст.

Дар кафедраи «Методикаи таълими технология» дар соли таҳсили 2020 – 2021 аз фанни технологияи бадеӣ дар мактаб барномаи таълимӣ мавҷуд нест ва ин фан дар нимсолаи дуюм омадааст.

Натиҷабандӣ кардани дараҷаи дониши донишҷӯён тариқи гирифтани кори хаттӣ дар кафедраҳо санҷида шуд. Хулосаи тафтиш нишон дод, ки дар ҳақиқат на дар ҳамаи гурӯҳҳо дараҷаи дониши донишҷӯён баланд мебошад. Дар натиҷаи саволу ҷавоби шифоҳӣ маълум гашт, ки курсҳои болоӣ нисбатан фаъоланд.

Дар рафти тафтиш давоми 3-рӯз аз рӯзи 14.09.2020 то 16.09.2020 давомоти донишxeён санxида шуд, ки ба ҳисоби миёна 94,2%-ро ташкил медиҳад. Аз тафтиш ва таҳлили дарсҳо маълум гардид, ки омeзгорон барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи шогирдон кӯшиш доранд. Ҳамаи омeзгорон дарсҳоро хуб гузарониданд, вале ҳангоми дарс айёниятҳо кам истифода шуданд.

Дар МТМУ № 15 кабинети методии кафедраи методикаи таълими фанни технологияро аз назар гузаронидем. Кабинет бо зиёда аз 12 овезаҳо (плакат) ва зиёда аз 20 аёниятҳои гуногун, китобҳо, дастурҳои методӣ таъмин мебошад.

Ҳайати роҳбарият ва устодони факултет дар муҳимтарин воқеаву рӯйдодҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии донишгоҳ, вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Дар баробари ин ба роҳбарияти факултет лозим аст, ки:

– ҳолати таълим тарбия ва ҳуҷҷатгузориро дар ҷаласаҳои деканат ва шӯрои олимон мунтазам мавриди муҳокима қарор диҳанд;

– барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълим ва тарбия чораҳои лозимӣ андешанд;

– дар амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2016, №37 «оид ба риояи маданияти либоспӯшӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ ва мошинҳои шахсӣ дар рафти таълим» мунтазам чораҳо андешанд.

Ба мудирони кафедраҳои факултет лозим аст, ки:

– дар нақшаҳои ҷаласаҳои кафедра дар баробари муҳокимаи вазъи таълими фанҳо ба масъалаи таъмини адабиёт ва барномаи таълимӣ ва дар ин замина беҳтар намудани сифати таълиму тарбия чораҳо андешанд;

– барои такмили ихтисоси мутахассисони ҷавон ва баланд бардоштани пойгоҳи илмии кафедраҳо, инчунин роҳандозии онҳо ба корҳои илмию таълимӣ тадбирҳои судманд андешанд ва дар тайёр намудани донишҷӯён ба озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Аз санҷиши масъалаи мазкур муайян гардид, ки садорати факултет ва кафедраҳо оиди баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва ҳуҷҷатгузорӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонидаанд. Аз ин рӯ, комиссия ҳолати феълии раванди таълиму тарбия ва тартибу низоми ҳуҷҷатгузориро дар факултети техникӣ ва технологӣ қаноатбахш меҳисобад.

У. НУРОВ,

мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ