Аслан ба сиёсат коре надорам, зеро аз он бӯе ҳам намебарам. Вақте ба сиёсат ҳар ношустарӯ, бесавод, дайду, фосиқу гумроҳ кор мегирад, низом гум мешавад. Аз ин рӯ, бояд ҳар як фард касбу кори худро пеша кунад, шуғли худро дӯст дорад, такмил диҳад ва аз он баҳра барад.

Шояд мо аз сарсахттарин миллате бошем, ки умре муҳтоҷи панду насиҳатем. Ягон миллати пешрафтаи олам ба мисли мо-қавми тоҷику форс абармарду нобиғаҳои оламшумул, ба монанди Рӯдакиву Сино, Хайёму Ҳофиз, Фирдавсиву Саъдӣ, Соибу Бедил надорад.

Насли имрӯзаи тоҷик (маҳз тоҷик!) шеъру қасидаву ғазали 1200-1300 сол пеш навиштаи ин нобиғаҳоро бе ягон луғату бе ёрии ягон тарҷумон хуб ва ба осонӣ мехонаду азбар мекунад.  Бо гузашти асрҳо ҳатто калимае иваз ва иборае тағйир наёфтааст. Ин аз бузургии забону фарҳанг ва тамаддуни қадимаи миллати мо гувоҳӣ медиҳад. Барои мисол, давлати абарқудрати Россияро мегирем. Насли имрӯзаи рус забони ҳади аққал 2 аср пеши худро на танҳо намефаҳмад, балки бо луғат тарҷума карда наметавонад. Ва ҳазорон чунин мисолҳо овардан мумкин аст.

Бояд қайд намоям, ки хусусияти ҳама ашъори классикони мо панду насиҳатӣ аст. Яъне мо аз қадим  муҳтоҷ ба насиҳатем.

Ин муқадимаи таърихии ман ба чӣ хотир аст?

Биёед ба таърихи қадима, ба садҳо ҳодисаҳои таърихӣ, ба шикасту парокандашавиҳои миллат рӯ оварда, ҳодисаҳои нангини начандон пеши худро ба ёд меорем.

Аввалҳои соли 1990 мо-мардуми меҳнаткаши деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти “Туркманистон”-и ноҳияи Вахш ба фиребу найранги Ҳизби наҳзати ислом бовар карда, хурду калон вориди сиёсате, ки аз он бӯй намебурдем, гардидем. Саркардаҳои ин ҳизби козиб С. А. Нурӣ, Ҳимматзода, Эшони Қиёмиддину Тӯраҷонзода ва дигарон  мардумро чунон гӯл заданд, ки асрҳо фаромӯш намешавад. Оқибат қатлу куштор, хонасӯзӣ, сарсонӣ, саргардонӣ, фирор, беватанӣ, гуруснагиву ташнагӣ ва сари хам назди мардуми афғон. Захмҳои қалбиву равонӣ ва рӯзҳои мудҳиши он солҳои наҳс то ҳол аз пеши назар дур намеравад.

Дар ин ҷо беихтиёр шеъри ҷовидонаи устод Рӯдакӣ ба ёд мерасад:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти  рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

Лекин, вой бар ҳоли ману он касоне, ки натавонистем дар қалби фарзандони худ мафҳуми муқаддаси «ҳуббулватан»-ро ҷой кунем, аз роҳи нодуруст рафтаи худ қиссаҳо кунем. Баръакс, ба мисли тоифаи ношукр ва оштинопазир ба насли худ насиҳат додем, ки кори нобарори моро анҷом бидиҳанд. Ба тафаккури онҳо ақидаҳои ғализи ифротгароёнаро ворид кардем.  Дар натиҷа онҳо низ ба чоҳи фиреб дарафтоданд, сангари муқовиматро  ихтиёр карданд, аз лӯхтаке ба худ роҳбар тарошиданд ва мехоҳанд боғи давлати худро бо дасти душман решакан намоянд.

Ростӣ, ба ҳамаи ин ношукр-бандагон дилам месӯзад. Зеро намедонанд, ки чеҳраи наве ки интихоб карда, дар ҳавои фиребу найранг ва «хушлаҳнӣ»-ҳои ӯ маст шудаанд, онҳоро  ба коми марг мебарад. Муҳиддин Кабирӣ дар қиёс бо роҳбарони пешинаи ҳизби наҳзат ба куллӣ фарқ мекунад.

Муҳиддин Кабирӣ кӯшиш мекунад, ки хушмуомила ва баодоб бошад, гӯё «босабру таҳаммулпазир» аст, аммо дар миёни мардуми одӣ киб-ру ғурурашро бараъло нишон медиҳад. 

Аз ҷавонӣ «ҳушёру зирак» буда, вазъиятро ба манфиати худ истифода мебарад. Ба он нигоҳ накарда, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар сафи мухолифини тоҷик  қарор дошт, баъди фирори ин гурӯҳ на бо онҳо ба Афғонистону Эрон мегурезад, балки дар Федератсияи Россия паноҳ мебарад. Ба замми ин, бо истифода аз маблағҳои ҲНИ дар Академияи дипломатӣ таҳсил мекунад.

Ҳарчанд ӯ худро ҳамчун шахсияти дорои андешаву тафаккури исломӣ дар шакли муосир нишон медиҳад, аммо ин гумроҳаконе, ки дар иҳотаи ӯ қарор доранд, пай намебаранд, ки ин рӯҳия як ниқобест барои истифодаи онҳо дар роҳи расидан ба мақсадҳои нафсиву молиявии худ. Кӯшиш мекунад, ки ҷамъшавӣ ва воридшавии  маблағҳое, ки аз душманон ба даст меорад, зери назорати бевоситаи худ қарор диҳад.

Талош дорад, то дар Аврупо ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби муътадили замонавӣ ва дар доираи арзишҳои демократӣ амалкунанда нишон диҳад. Лекин фаромӯш набояд кард, ки ҲНИ ҳамон бародари бузурги «ДОИШ» аст.

Новобаста аз он, ки аз кирдорҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ содиркардаи худ хиҷолат мекашем, бар замми ин фарзандони мо ин хатокориҳои моро такрор карда истодаанд.

Аз ин рӯ, дигар хомӯш буда наметавонам. Дилам мекафад. Ба хулосае омадам, ки ҳам матлабе менависаму ҳам навори видеоие нашр мекунам.

Тақрибан 2-3 рӯз пеш ба ман як нафар дӯстам занг зада, бо изтироб аз ҳолу аҳволи ман пурсон шуд. Ба шухӣ пурсидам, ки «хоби баде дидаӣ, ки чунин пурсупос карда истодаӣ?». Гуфт: «Не, аз изҳороти видеоии ҷиянат Давлатов Ҳуҷҷатулло дар шабакаи «Ютуб» хавотир шудам. Ба гуфтаи ӯ, туро гӯё мақомоти амнияти ноҳияи Вахш чунон лату куб кардаанд, ки  на гап зада метавонӣ ва на ҷунбида».

Дар ҷавоб хандидаму гуфтам: «Ман то ҳол идораи амнияти ноҳияро надидаам, бо ягон масъалае муроҷиат ҳам накардаам ва ягон корманди  ин мақомотро намешиносам. Иншоаллоҳ хубам, сиҳату саломатам ва аз ҷои корам баргашта истодаам».

Новобаста аз заҳрханда, дилам дар ташвиш афтод ва аз як нафари шиносам хоҳиш намудам, ки ин наворро аз шабакаи «Ютуб» ба ман нишон диҳад. Вақте дидам, ки Ҳуҷҷатулло бо ришу мӯйлаби давидааш бо шеваи муътадилу сипас бо эҳсосот мегӯяд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасти мақомоти амният хешовандони маро зери таъқибу фишор қарор дода, тағои ман Саидов Абдулғаффорро то ҳади мурдан задаанд, дилам аз ин бадбахт монд!

Майлаш, ба гуфти бобои Файз «дурӯғ, ки мегӯӣ, як дурӯғи заминӣ гӯй, эй аблаҳ!».

Дар интиҳо ба хулосае омадам, ки тамоми навору ролику изҳоротҳои ин қавми гумроҳ, ки дар давлатҳои Аврупо ба сиёҳ кардани давлату миллат машғул буда, ҳамаро ба ҷанг даъват карда истодаанд, ДУРӮҒ, БУҲТОН, ДАСИСА, ИҒВО ва СОХТА аст!

Ба ин касофатҳо (бародарам маро бубахшад, ки нисбати писараш чунин мегӯям), бовар накунед.

Ҳуҷатулло, ту фикр намекунӣ ки офтобро бо доман пӯшида намешавад? Вақте ки ман навори видеоии ҷавобӣ гирифта ба барномаи «Имо»-и ту фиристодам, туи бешарм ба ман посух дода натвонистӣ!

Аз ту охирин бор хоҳиш мекунам, ки аз ин роҳат баргард. Агар не, пас туҳмат накун!

Саидов Муҳаммадғаффор Абидович,

собиқ узви Ҳизби наҳзати ислом, сокини деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти «Тоҷикобод»-и ноҳияи Вахш