Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони љавон умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардњои инноватсионї ба истењсолоти ватанї васеъ татбиќ карда, бо њамин роњ дар рушди иќтисоди миллї сањми арзишманди хешро мегузоранад.

(Эмомалї Рањмон)

БО ПЕШВОИ ҶАВОНПАРВАРАМ ИФТИХОР МЕКУНАМ!

Дар замири ҷавонони кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд. Солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандиро ёдовар шуда, барои мардуми мо дар замони душвори ҷанги шаҳрвандӣ нафаре лозим буд, ки халқро соҳибӣ карда тавонад. Ва маҳз Эмомалӣ Раҳмон аз миёни халқ ба сари қудрат омада, халқро сарҷамъ кард ва давлати нави тоҷиконро дубора аз сифр оғоз намуд.

Ҳамон талошҳои ин қаҳрамони миллат буданд, ки мо ҷавонон имрӯз ба сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ расидем. Пас месазад, ки номзади ҲХДТ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар маъракаи интихоботии дарпешистода якдилона ҷонибдорӣ намуда, ба эшон овоз диҳем.

Cарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд. Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.

Фаъолияти пурмуҳтавову пурмаҳсули давлативу ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо диди ибрат дурнамои кишварро муайян карда тавонем. Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Дар марҳилаҳои минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои ҷавонпарвари миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад.

Эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” имконияти хеле хуби татбиқнамоии тамоми ҳадафҳо ва орзуҳои ҷавонӣ мебошад, ки дар ин замина ҷиҳати сазовор таҷлил намудани “Соли ҷавонон” бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли ҷавонон” тасдиқ гардид.

Ҷалби нерӯи ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тақвияти таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ, ҷалби ин табақаи нерӯманди ҷомеа ба сафҳои хеш барои устувор намудани рукнҳои давлатдории навин, ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ва мутобиқат намудан ба ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳон ва эмин нигоҳ доштани давлату миллат аз таззодҳову таҳдидҳои замони муосир мусоидат менамояд.

Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар зикр намуданд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

Мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони саодатманди мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои дақиқ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи васеи истифодаи технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонанд».

Маҳз ҳамин омилро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат “Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040”-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷомеаи бо донишҳо ва тафакури техникӣ мусаллаҳ метавонад алайҳи ҳама гуна буҳронҳо рақобатпазир, тобовар ва муваффақ бошад.

Маҳз ҳамин аст, ки дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” сохторҳои он Раёсат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва Шӯрои олимони донишгоҳи мо дар соли нави хониш нақшаи дурнаморо дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат таҳия намуданд. Тадбирҳои мушаххасе андешида шуданд, ки минбаъд ҷиҳати беҳбудии омӯзиши технологияҳои муосир ва таҷҳизондани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ дар ҳамаи факултетҳо ҳатталимкон мусоидат мекарда бошанд, чунки пешрафти босуръати илму техника ва раванди рӯзафзуни ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи муосир дигаргуниҳои ҷиддиро ба амал оварда, аз кафедраҳо, лабораторияҳо, озмоишгоҳҳо ва ҳар узви ҳайати профессорию омӯзгорӣ шадидан тақозо менамояд, ки ҳамқадами ҳаёт бошанд.

Бо кӯшишу заҳмати пайвастаи Ректори донишгоҳ профессор, Давлатзода С.Х. ва аҳли кормандони шуъбаи таълим ва гурӯҳи олимони табиатшинос, риёзидон, физикҳо ва устодони ҳунарҳои техникӣ ҳуҷҷату санадҳои зарурӣ, дастуру раҳнамоҳо ва адабиётҳои таълими ихтисосҳои “Математика. Информатика”, “Таълими касбӣ (энергетика)”, “Физика. Математика”, “Информатика”, “Низом ва технологияҳои иттилоотӣ (дар коркард ва пешниҳоди иттилоот)”, “Шабакаҳои алоқа ва тақсимоти иттилоот” дар Вазорати маориф ва илм тасдиқ шуданд.

Дар ҷаласаи Шӯрои олимон, ки ба баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бахшида шуда буд, тасмим гирифтем, ки ҷиҳати тадриҷан барқарор намудани омӯзиши математикаи олӣ ва элементарӣ, мантиқи математикӣ, назарияи ададҳо, математикаи дискретӣ, барномасозӣ, технологияи иттилоотӣ дар гурӯҳҳои таълимии равияи дақиқдошта тадбирҳои судманд андешида, барои бо кадрҳои болаёқат таъмин намудани кафедраҳои марбута аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шаванд.

Боргоҳи маърифати мо ҷиҳати муваффақона ба ҳаёт татбиқ намудани нақшаҳои ҷиддие, ки тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи иҷрои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумат мураттаб ва тасдиқ карда мешавад, потенсиали тавоное дорад. Устодон ва шогирдони донишгоҳ аз сафҳои пеши ислоҳотгарони маорифи Тоҷикистони азиз мақоми арзандаи хешро дарёфта, баҳри он мекӯшанд, ки омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, аз худ кардани ҳунарҳои замонавии техникӣ ҷавобгӯи тақозои айём бошад ва ба шарофати он Ватани маҳбубамон ҳамеша дар радифи мамлакатҳои пешрафтаи олам мақоми шоиста касб карда тавонад.

Файзализода Баҳрулло Файзалӣ,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,

мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ

ва методикаи таълими информатика.