Шурӯъ аз соати 6:00-и субҳи имрӯз дар участкаи интихоботии №5, ки дар ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойгир аст, маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.

Дар шароити давлати ҳуқуқбунёди демократӣ тамоми субъектҳои раванди интихобот бояд муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, барои беҳтар фаъолият намудани комиссияҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва озод барпо гардидани интихобот тадбирҳо андешанд ва амалӣ намоянд.

Сараввал мушоҳидони байналмилалӣ аз кишварҳои хориҷа, мушоҳидони миллӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, намояндагони Ҳукумати кишвар ва намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ ба участка ташриф оварда, пас аз дида баромадани участкаи интихоботӣ дар дафтари қайдҳо худро номнавис намудаву имзо гузоштанд.

Ҳамчунин, Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ва раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин дар участкаи интихоботии №5-и ҳавзаи интихоботии Бохтар, №44 барои овоздиҳӣ омад.

Сипас, дастаи донишҷуёни истикоматкунандаи хобгоҳи донишгоҳ бо бардоштани парчами миллӣ ва сароидани Суруди миллӣ ба участкаи интихоботӣ барои саҳм гузоштан дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ташриф оварданд.

Ҳамин тавр, овоздиҳӣ аз чониби сокинони маҳаллаҳои гирду атрофи участкаи интихоботӣ низ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ ва коидаҳои гигиенӣ идома ёфт.

Бояд зикр кард, ки раванди баргузории чорабинии сиёсӣ зери роҳбарии Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав, карор дошта, дар он дигар кормандони раёсати донишгоҳ ва зерсохторҳои он низ саҳмгузор буданд.

Маркази таҳлилӣ- иттилоотии ДДБ