sdr

Дар гурӯҳи русии 104-и ихтисоси химия ва биологияи факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз фанни “Ботаника” дар мавзӯи “Вегетативные органы  растений. Корень и корневые системы” тариқи онлайн дарс хонданд.  

Дарси онлайнии Шестова Татьяна Андреевна, омӯзгори институти биология – химияи донишгоҳи омӯзгории шаҳри Москва бо як маҳорати педагогӣ аз ибтидо то интиҳои дарс хеле диққатҷалбкунанда буда иштироки фаъоли донишҷӯён ва маҳорату малакаи омӯзгор низ эҳсос карда мешуд.

Дарси онлайнӣ бо презентатсия ва қоидаҳои маъмули педагогӣ ҷавобгӯ буда ҳамаи паҳлӯҳои мавзӯъ пурра таҳлил карда шуд. Муаллима ба донишҷӯён оид ба узвҳои вагатативии растаниҳо, реша ва вазифаҳои он маълумоти дурусту саҳеҳро пешниҳоди донишҷӯён менамуд.

Дар охир, донишҷӯён бо саволҳои худ аз муаллима Шестова Татьяна Андреевна посухи мушаххас гирифтанд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ