Дар ҷомеаи имрӯза вазъи ба бар намудани сару либоси бархе аз бонувон хеле ташвишовар гардидааст. Махсусан, дар муассисаҳои таълимӣ вазъи либоспӯшии донишҷӯдухтарону омӯзгорони ҷавон касро ба ҳайрат меорад. Баъзан занону бонувони мо пайи муд ва либосҳои хориҷӣ шуда, аз фарҳангу тамаддуни тоҷикона дур гаштаанд.

 

Яке аз сабабҳои ба чунин ҳолат омадани онҳоро метавон дар коста гардидани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва хештаншиносӣ арзёбӣ намуд.

 

Аҷибу тааҷҷубовар он аст, ки бонувони русзабону ҳинду, туркману афғон ва мисоли инҳо зимни сафар, ё ин ки истиқомат дар дигар кишвар либоси миллии хешро тағйир намедиҳанд, ба фарҳанги бегона рӯ намеоранд. Мутаассифона, мо тоҷикон бошем дар ватани худ ба фарҳанги бегона рӯ оварда, фарҳанги либоспӯшии миллии хешро риоя намекунем. Давоми солҳои охир дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз давлати Туркманистон донишҷӯёни зиёд ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

 

Ин донишҷӯдухтарони туркманзабон доимо куртаҳои дарозу гулкоришудаи миллии хешро ба бар менамоянд. Онҳо ҳеҷ вақт фарҳанги ғайрро қабул намекунанд, ин амалашон боис мегардад, то дар ҳама ҳолат аз Ҷумҳурии Туркманистон будани онҳоро бо як нигоҳ дарк намоӣ. Баръакси ин ҳолат ҷавонони мо ба фарҳангу анъанаҳои бегона тақлидкорона рӯ оварда, фарҳанги милии хешро фано сохта истодаанд.

 

Ин ҳама дар ҳолест, ки сайёҳону меҳмонон аз кишварҳои хориҷ либоси миллии тоҷикон атласу чаканро бо завқи беандозаи баланд барои хешону наздикони худ ҳамчун армуғон харидорӣ менамоянд.

 

Бо шавқи баланд онҳоро ба бар намуда, бонувони чакану атласпӯши тоҷикро пеши назар меоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ иброз намуданд, ки «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳангӣ бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

 

Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд».

 

Дар ҳақиқат, солҳои охир ташвиқу тарғиби фарҳанги ғайр ва бегонапарастии занону духтарон ба тадриҷ афзудааст.

 

Агар баъзеҳо аз рӯи ҳавою ҳавас ва муд ба фарҳанги бегона рӯ оранду тақлид намоянд, баъзеи дигар бо ниятҳои ғаразнок миёни ҷавонон бегонапарастиро тарғибу ташвиқ менамоянд. Бояд ҳамеша дар хотир дошт, ки онҳо барои манфиати шахсии худ нахуст аз фарҳанг истифода намуда, сипас, ақидаҳои ифротиро байни ҷавонон паҳн мекунанд.

 

Пайдост, ки либоси миллӣ бозгукунандаи анъанаҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фарҳангу анъанаҳои аҷдодии хешро пос дорем. Нагузорем, то ин ки фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик омехтаи дигар фарҳангҳо гардад ва ё аз байн равад.

 

Ш. АСОЕВА,

«Фурӯғ»