Дар шароити имрӯза хонандагон бояд мазмуни маводи таълимиро на танҳо ба воситаи омӯзгор, балки бо роҳи дастрас намудани иттилоот низ аз худ намоянд ва ин боиси дар амал истифода бурдани дониш ва маҳорату малакаҳо хоҳад шуд. Дар татбиқи стандарт на танҳо малакаву маҳорати касбии омӯзгор, балки натиҷаи таълимии хонандагон низ ҳамчун нишондиҳандаи раванди таълим шинохта мешавад. Дар татбиқи стандарт ва барномаҳои таълимӣ омӯзгор шахси асосӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ самаранокии татбиқи стандартҳои ин ё он фан ба маҳорати эҷодии омӯзгор

вобаста аст.

 

Дар низоми таълим ба дониш, малака ва маҳорати донишҷӯён диққати асосӣ дода мешавад. Яъне салоҳиятнокӣ қобилияти баланду босифат дар амал татбиқ намудани донишу маҳорат ва малакаҳои омӯхташуда мебошад. Калиди муваффақият дар он аст, ки хонанда то чӣ андоза маводи таълимиро азхуд намудааст, дарсро ҷамъбаст ва хулоса карда метавонад.

 

Дар муносибати салоҳиятнок диққати асосӣ барои дар амал татбиқ намудани дониш дода мешавад, яъне хонанда бояд дониши гирифтаашро дар амал татбиқ карда тавонад. Бояд қайд намуд, ки омили муваффақияти омӯзгор ин пеш аз ҳама дуруст ба нақша гирифтани маводи таълимӣ ва минбаъд дар асоси он ҷараёни дарсро ба роҳ мондан мебошад.

 

Аз ин лиҳоз, лозим донистем, ки намунаи гузаронидани як соати дарсиро тибқи муносибати таълими салоҳиятнок пешниҳоди ҳамкорон намоем. Нақшаи дарси яксоата аз ду қисм иборат аст, пас аввал қисми якум – асосиро ва баъдан қисми дуюм –эҷодиро тартиб медиҳем.

 

Қисми аввал-асосӣ

 

  1. Қайди таърихи рӯз

 

  1. Номи фан

 

  1. Синф

 

  1. Навиштани мавзӯъ

 

  1. Интихоби салоҳиятҳо (интихоб бояд ба мавзӯъ мувофиқ бошад)

 

  1. Интихоби мақсадҳо, ки он аз ду қисм иборат аст:

 

а) хонандагон то анҷоми дарс бояд

_____________донанд

_____________тавонанд

_____________дарк кунанд ва

Ғайра

 

б) истифодаи усули фаъоли таълим (УФТ): кластер, диаграммаи Вен, нақши занҷирвор, чархи андеша, кори гурӯҳӣ ва ғайра.

 

  1. Ҷиҳози дарс: нақшаи дарсӣ, китоби дарсӣ, рӯзнома, мақолаҳои таълимӣ-методӣ асбобҳои худсоз ва ғайра.

 

Қисми дуюм – эҷодӣ

 

Равиши дарс

 

  1. Ташкили дарс: тайёр намудани хонандагон ба дарс

 

  1. Водорнамоии дониши гузашта: албатта пурсиш бо тариқи яке аз усулҳои таълим ангезиши зеҳн шурӯъ шавад беҳтар аст, зеро дар ин шакли кор хонандагон бештар фаъол мебошанд.

 

  1. Даркнамоӣ: (кашфи донишҳои нав)

 

– ин қисми дарс ба маҳорат, малака ва истеъдоди омӯзгор вобастагии ҷиддӣ дорад. Зеро мавзӯи нав набояд аз мавзӯи гузашта фарқкунанда бошад. Аз ин рӯ, олимон кори оғози мавзӯъро аз истифодаи усули «Чархи андеша»

маслиҳат донистанд.

 

  1. Мулоҳизаронӣ: (мустаҳкамкунӣ) Таҳлили дониши хонандагон, муайян намудани ҳазми мақсадҳо ҳаллу фасли онҳо мушкилиҳо ва комёбиҳои дарс, баҳогузорӣ, таҳсину офарину хонандагон ва ғайра.

 

  1. Арзёбии донишҷуён (хонандагон): (ду нафара, гурӯҳӣ, аз тарафи омӯзгор, супориши вазифаи хонагӣ) Вазифаи асосии банақшагирии дарс – ба омӯзгор ёрӣ расондан мебошад, то ки вай оид ба ҷамбаъҳо, ки самаранокии дарсҳояшро афзун мекунад, мунтазам мулоҳиза намояд. Мо наметавонем ҳама чизро ба нақша гирем ва аксар вақт кор он тавре ки мо ба нақша гирифта будем, сурат намегирад.

 

Маҳмадшариф МАҶИДОВ,

омӯзгори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ