Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати пирӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни донишгоҳ  ва ҷавонони вилоят ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Чорабинӣ бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ доир гардида , донишҷӯён аз ибтидои рӯз натиҷаи раъйдиҳиро тариқи шабакаҳои телевизиноӣ дастаҷамъона интизор шуданд.

Баъди элони 90,92 дарсади овозҳо ба номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомадагон бо шиорҳои “Шараф ба Пешвои миллат!”, “Шараф! Шараф! Шараф!”, Зиҳӣ Пешвои бунёдкору созандаи миллат!”, “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат”, “Мо ҷавонон, Пешвои миллатро дӯст медорем”, “Мо бо шумоем Пешвои миллат!” ва “Тоҷикистон ба пеш!” баромад карда, бо шодию нишот ҳамдигарро самимона табрик намуданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ