Маҳфили илмии «Ҳомиёни ҳуқуқи инсон» дар назди кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ баргузор гардид. Маҳфили мазкур дар мавзӯи «Аҳамияти интихобот дар давлати демократӣ» доир шуда, дар он омӯзгорону донишҷӯён ва аъзои маҳфил иштирок доштанд.

 

Нахуст, Бахтиёр Қодиров, мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ суханронӣ намуда, ба иштирокчиён мақсади баргузории маҳфилро иброз дошт. Дар идома, Э. Набизода, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ андешаҳои хешро доир ба беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти маҳфил баён кард.

Вобаста ба мавзӯи «Аҳамияти интихобот дар давлати демократӣ» донишҷӯи соли сеюми ҳамин факултет А. Сироҷиддинов бо маърӯза баромад намуда, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Демократӣ будани Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ аст.

-Интихобот шакли ифодаи бевоситаи иродаи халқ аст, ки бо мақсади ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ё додани ваколат ба шахси мансабдор мутобиқи Конститутсия ва қонунҳо гузаронида мешавад.

 

Дар интихобот иродаи мардум, ки тавассути интихоб инъикос меёбад, ташкилкунандаи ҳокимияти давлатӣ аст. Тавассути интихобот мақомоти намояндагии марказӣ ва маҳаллии давлат ташкил карда мешавад.

 

Дар замони муосир, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди ҷомеаи демократӣ ва шаҳрвандиро мақсади хеш қарор додааст, рӯ овардан ба интихобот ҳамчун воситаи бузург ва умуман, инкишофи ҷомеа амри воқеӣ аст. Аз ин рӯ, фаҳми амиқу дурусти моҳияту хусусиятҳои интихобот аҳамияти воқеӣ пайдо намудааст, – иброз дошт А. Сироҷиддинов.

 

Ҳамин тариқ, дар музокираҳо аз ҷониби аъзоёни маҳфил ҷиҳати хубтару беҳтар гузаронидани маҳфили илмии «Ҳомиёни ҳуқуқи инсон» дар назди кафедра фикру андешаҳои судманд баён гардид.

Ш. АСОЕВА,

«Фурӯғ»