Шахсе, ки ба сӯи илм қадами аввалин мегузорад, на ҳамеша маълумотро дар бораи мафҳумҳои ба ӯ лозимӣ, амсоли импакт-фактор, ВКР, индекси иқтибосоварӣ ва ғайраро ба осонӣ меёбад. Дар лоиҳаи нав ITMO.NEWS бо ёрии варақаҳои хурд ҳама чизро мефаҳмонад. Ин дафъа мумайиз (эксперт)-и илмшиносии ширкати «Clarivate Analytics» (дорандаи базаи Web of Scince) Павел Касянов ба нашрияи мо дар он хусус нақл кард, ки Индекси ХИРШ чист ва кӣ онро ҳисоб мекунад, чаро он барои арзёбӣ намудани саҳми ин ё он муҳаққиқ дар илм кофӣ нест.

Индекси Хирш – индикатори махсуси библиометрӣ буда, ҳам нишондиҳандаҳои фаъолнокии интишорӣ ва ҳам нишондиҳандаҳои иқтибосоварии онҳоро ба як маъно муттаҳид месозад. Ба ибораи дигар, Индекси Хирш ба фаҳмидани он, ки чӣ қадар корҳои хуб иқтибосшударо олим навиштааст, имкон медиҳад. Ҳамзамон, истилоҳи “хуб иқтибосшуда” чун миқдори интишорот муайян мегардаду ҳам чун сифати онҳо арзёбӣ мешавад. Ин нишондиҳандаро физики амрикоӣ-аргентинӣ Хорме Хирш фикр карда баровардааст ва индекс номи ӯро гирифтааст.

РИНЦ, Science Index – Индекси иқтибосоварии илмии Россия (РИНЦ) низоми иттилоотӣ-таҳлилии миллӣ буда, бештар аз 2 миллион интишороти муаллифон, инчунин иттилоотро дар бораи иқтибосоварии ин интишорот аз тақрибан 3000 маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба низом медарорад. Он на танҳо ба таъмини фаврии тадқиқотҳои илмӣ бо иттилооти муҳими маълумотномавӣ-феҳристӣ равона аст, балки воситаи пурқуввате низ мебошад, ки ба амалигардонии арзёбии натиҷанокӣ ва самаранокии фаъолияти ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ, олимон, сатҳи маҷаллаҳои илмӣ ва ҳ.к. имкон медиҳад.

Бақайдгирии муаллифон. Бақайдгирии истифодабаранда дар Китобхонаи электронии илмӣ барои дастрасӣ ба матнҳои пурраи интишороте, ки дар платформаи Library.ru ҷойгиранду новобаста ба оне, ки дар дастрасии озод қарор доранд, ё ба тариқи обуна паҳн мегарданд, шарти ҳатмӣ мебошад. Истифодабарандагони бақайдгирифташуда имконияти интихоби шахсии маҷаллаҳо, мақолаҳо, нигоҳдории таърихи талаботҳои ҷустуҷӯӣ, ба кор андохтани панели навигатор ва ғайраро пайдо мекунанд.

Барои кор бо равияи муаллифӣ дар низоми Science Index низ дар оғоз ба сифати муаллиф бояд ба қайд гирифта шуд. Бақайдгирии муаллиф дар Science Index бо бақайдгирии истифодабаранда дар портали Китобхонаи электронии илмии еLibrary.ru якҷоя карда шудааст. Барои бақайдгирӣ дар низоми Science Index пур кардани якчанд доирачаҳои иловагӣ лозим мебошад.

Имкониятҳои асосии вазифавие, ки ба муаллифони интишороти илмӣ пешниҳод карда мешаванд:

  • азназаргузаронии феҳристи интишороти худ дар РИНЦ бо имконияти таҳлил ва интихоби он аз рӯи ҷанбаҳои гуногун;
  • азназаргузаронии феҳристи истинодҳо ба интишороти худ бо имконияти таҳлилу интихоби он аз рӯи ҷанбаҳои гуногун;
  • имконияти ба феҳристи корҳои худ илова кардани интишороти дар РИНЦ ёфташуда;
  • имконияти ба феҳристи иқтибосҳои худ илова намудани истинодҳои дар РИНЦ ёфташуда;
  • имконияти аз феҳристи корҳои худ ё иқтибосҳои истифодашуда баровардани интишорот ё истинодҳое, ки ба он ғалат дохил гаштаанд;
  • имконияти ҳаммонандсозии ташкилотҳое, ки дар интишороти муаллиф ба сифати ҷойи иҷрои кор нишон дода шудаанд;
  • имконияти ҷустуҷӯи ҷаҳонӣ аз рӯи феҳристи адабиёти иқтибосшаванда;
  • фасли пурраи таҳлили фаъолнокии интишоротӣ ва иқтибосшавандагии муаллиф бо имконияти ҳисобкунии миқдори калони нишондиҳандаҳои библиометрӣ, азнавсозии мустақилонаи онҳо ва бароҳмонии тақсимоти интишорот ва иқтибосоварии муаллиф аз рӯи ҷанбаҳои гуногун;
  • ҳосилкунии аҳамияти калони миқдори интишороти иқтибосовардашуда на танҳо дар РИНЦ, балки боз дар Web of Scince ва Scopus бо имконияти гузариш ба феҳристи мақолаҳои иқтибосоварандашаванда дар ин базаҳои маълумотҳо зимни мавҷудияти обуна.

Файзализода Баҳрулло Файзалӣ,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,

мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ

ва методикаи таълими информатика