– Ин сухан аз забони Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав имрӯз 14-уми октябри соли 2020 дар толори фарҳангии донишгоҳ бо донишҷӯёни курси аввал баргузор гардида буд садо дод.

Дар мулоқот Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба корҳои таълим, Холмурод Раҷабзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, деканони факултетҳои донишгоҳ иштирок доштанд.

Дар вохурӣ Давлатзода Сайфиддин Хйриддин, ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав оид ба масъалаҳои сатҳу сифати таҳсили донишҷӯён, шароити хобгоҳ, таъмини маводи дарсӣ ва дигар масъалаҳое, ки дар рафти соли хониш ба миён меоянд, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

– Раванди таълим нишон медиҳад, ки шумо интизоми хуб дореду дар машғулиятҳо фаъолона иштирок менамоед, – зикр кард Давлатзода Сайфиддин. – Донишҷӯёни гиромӣ аксариятатон аз деҳот омадаед аз ин рӯ фаромӯш накунед, ки мақсади асосии шумо донишомӯзиву мутахассиси хуб шудан аст, бинобар ин пас аз хатми машғулиятҳо маконатон китобхонаву мароматон китобхонӣ бошад.

Дар идомаи суҳбат рктори ДДБ ба номи Носири Хусрав зикр намуд, ки мо боварӣ дорем, ки донишгоҳи моро на ба хотири диплом гирифтан, балки мутахассиси варзида шудан интихоб намудаед. Барои ба ин ҳадаф расидан дар донишгоҳ ҳама шароит муҳайё аст. Хатмкардагони донишгоҳ бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Дар охири мулоқот Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ба донишҷӯён хониши хубу аъло ва орзуҳои нек таманно намуданда баро пешрафти Тоҷикистони шукуфон саҳмгузор бошанд.

Маркази таҳлилӣ – иттилоотии ДДБ