Раванди таҳсил дар донишгоҳ дар асоси низоми кредитии таҳсилот дар зинаҳои бакалавр, магистратура, доктор Phd ба роҳ монда шуда, фаъолияти ҳамаи устодону кормандони донишгоҳ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи донишҷӯён нигаронида шудааст. Дар донишгоҳ бахши идоракунии сифати таҳсилот фаъолият менамояд, ки бевосита ин самтро назорат менамояд.

 

Омӯзиши бештари фанҳои тахассусӣ сатҳи на танҳо дониш, балки зарфияти ҳирфаии мутахассиси ояндаро таъмин менамояд. Масъулият барои амалӣ кардани барномаву нақшаҳо ва фанҳои нав ба дӯши омӯзгорон аст.

 

Робитаи илм бо истеҳсолот, навоварӣ ва ихтирооти устодону донишҷӯён бештар ба ихтисосҳои техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, химия, биология, менеҷмент, физика вобаста аст. Маҳсули корҳои эҷодӣ ва ихтирооти устодону донишҷӯён бояд дар амал манфиатбахш бошанд. Барои ин шартномаҳои дуҷонибаи донишгоҳ ва корхонаҳои истеҳсолӣ воқеан амалӣ гашта, бояд дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ҷорӣ карда шаванд.

 

Маълум аст, ки сифати таълим дар дилхоҳ муассисаи таълимӣ аз дараҷаи донишазхудкунӣ, фаъолнокии донишҷӯён дар олимпиадаву озмунҳои ихтирооту инноватсияҳо муайян мегардад. Дар ин самт натиҷаҳои ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ нишондиҳандаи хубанд.

 

Аз оғози соли таҳсил аз тарафи устодони донишгоҳ як қатор васоити таълимӣ-методӣ ва китобҳои дарсӣ нашр шуданд. Чунин номгӯи дастуру китобҳои таълимӣ дар факултетҳои химия – биология, математикаинформатика, физика барои донишҷӯён пешниҳод шудаанд.

 

Китобҳои дарсӣ ба забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ, дифои ҳарбӣ, физика, аудит ва ревизия хеле кам буда, донишҷӯён барои дастрас кардани онҳо мушкилот доранд. Дар донишгоҳ аудиторияҳои тадриси замонавӣ бо тахтаҳои электронӣ, озмоишгоҳҳо, студияҳои хурд мавҷуданд, ки имконияти таълими босифатро таъмин менамоянд.

 

Масъулони бахши идоракунии сифати таҳсилот ба ғайр аз санҷиши сатҳи дониши донишҷӯён дар ду нимсола, ҳар ҳафта ба дарсҳои устодон иштирок намуда, сатҳи касбияти устодонро низ баҳо медиҳанд…

 

Ташкили дарсҳои кушод, иштироки омӯзгорон ба дарсҳои ҳамдигар, таҳлили баъдинаи он дар семинарҳои илмӣ-методӣ, маҷлисҳои кафедра, шӯрои илмӣ-дастурдиҳӣ аз як тараф масъулияту малакаи омӯзгорро боло барад, аз тарафи дигар донишҷӯён донишҳои амиқу босифат мегиранд.

 

З. ТОҲИРОВ,

сардори назорати сатҳи сифати таҳсилот дар донишгоҳ