Дар ҳар давру замон таърих исботгари ҳодисаҳои ба амал омадаи ҳамон давра аст. Дар зарфи ду даҳсолаи охир таърихи миллати тоҷик исботгари он шуд, ки роҳбарият ва ҳаммаслакони ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби назҳати исломӣ, ки аз моҳи сентябри соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташ манъ карда шудааст,  бо амалу кирдорҳои ғаразнок, иғвоангезона ва ноҷавонмардонаи худ ҳамчун хоинони миллат шинохта шуда, мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ба онҳо бовар надоранд.

 

Таҳия ва намоиши филми ҳуҷҷатии «ХИЁНАТ», ки имрӯзҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуда истодааст, бори дигар исбот намуд, ки роҳбарият ва ҳамаслакони ТЭТ ҲНИ барои сарзамини аҷдодии худ ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғайр аз амалҳои ноҷавонмардона, ноором сохтани ҷомеа, кирдорҳои ғаразноку ваҳшоният, куштору ғоратгарӣ, халалдор намудани зиндагии шоистаи мардум ва аз ҳама сангинаш хиёнат ба ин миллат дигар кореро анҷом надодаанд. Онҳое, ки барои ин миллат хиёнат кардаанд, ҳеҷ гоҳ бахшида нахоҳанд шуд. Тавре аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълум аст, роҳбарият ва ҳаммаслакони собиқ ҳизби террористӣ–экстремистӣ (ҲНИ) тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ кӯшиши дастнорас мекунанд.

 

Мо, насли даврони соҳибистиқлоли кишвар ҳарчанд он рӯзҳои даҳшатбору амалҳои нопоки онҳоро, ки дар охирҳои асри XX анҷом додаанд, бо чамши худ надида бошем ҳам, вале аз таҳияи намоиши филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» боварӣ ҳосил намудем, ки дар ҳақиқат онҳо бо амалҳои ғайриинсонӣ, даҳшату ғоратгарӣ, хасму хушунат, поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва бар зидди сохтори конститутсионӣ мубориза бурдаанд.

 

Тамошои ин филм руҳияи моро бори дигар ба худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, садоқатмандӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни гузаштаи миллати тоҷик бедор намуда, насли ҷавони кишварро бори дигар аз шуҷоатмандию ҷонфидоӣ ва мактаби бузурги ватандӯстию садоқатмандии марди роҳ -Пешвои муаззами миллат ошно месозад. Мо ҷавонон аз мактаби ватандӯстию созандагӣ ва садоқатмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ибрат мегирем.

 

Дар воқеъ, Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар тавонист, ки бо як рӯҳияи баланд мардумро сарҷамъ ва муттаҳид намояд. Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи Ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир ҳарчи зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад. Ин шахсияти таърихии миллат кори худро аз сулҳ оғоз намуда, то ташаббусҳои байналмилалӣ оварда расонид. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишварӣ мустақил мешиносанд.

 

Дар ҳамин замина, миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳалаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд. Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созем.

 

Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти баланди ватандорӣ мо ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки зери сиёсати бомарому ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ҳар як амалу рафторҳои ноадолатона ва кирдорҳои ғаразноку бедодгариҳои собиқ ҳизби террористӣ–экстремистӣ (ҲНИ) – ро қатъиян маҳкум намоем.

 

Бахтиёр ҚОДИРОВ,

мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ

 

Эмомалӣ НАБИЗОДА,

раиси созмони ҷавонони факултети сиёсат ва идораи давлатӣ