Дар замони ҳозира соҳае, ки бо суръати баланд пеш рафта истодааст, ин илми химия мебошад. Дар дунё айни замон зиёда аз 20 млн моддаҳои химиявӣ маълуманд. Ҳамарӯза зиёда аз садҳо моддаи нав синтез мешаванд.

 

Асосан, илми химия, илми таҷрибавӣ мебошад. Гузаштагони донишманди мо, ба монанди Муҳаммад Закариёи Розӣ ва Абӯалӣ Ибни Сино дар инкишофи илми химия, аз ҷумла, дар соҳаи дорусозӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Шумораи зиёди дорувориҳое, ки тайёр карда мешаванд, аз моддаҳои химиявӣ иборатанд. Аз ин рӯ, илми химия бо соҳаи тиб аз давраҳои пеш то ба имрӯз алоқаи ногусастанӣ дорад.

 

Дар давраи пеш илми химияро мардум илми ҷодугарӣ мегуфтанд, чунки дар назари одам таҷрибаҳои гуногуни химиявӣ ҷодугарӣ менамуд, зеро дар як модда моддаи дигарро илова карда, ранг ҳосил мекунанд ва бо иловаи моддаи дигар ин моддаи ҳосилшударо боз беранг мекунанд, ё ин ки аз он моддаи дигар ҳосил менамоянд.

 

Ин ҳама таҷрибаи химиявӣ аст, ки аз гузаштагон ба мо расидаанд. Албатта ин гуна кор ба одаме, ки дониши хуб надорад, хандаовар менамояд, лекин одами босавод онро дарк намуда, илман тасдиқ менамояд. Ин гуна таҷрибаҳо дар замони ҳозира дар озмоишгоҳҳои бо тамоми асбоби лозима муҷҷаҳаз гардонидашуда гузаронида мешавад.

 

Қайд кардан лозим аст, ки илми химия дар баробари илми эҳёгар будан, илми марговар низ ҳаст, тавре гуфтаанд: Химия дар дасти инсони оқил ҳаёт ва дар дасти инсони ҷоҳил марг меорад.

 

Фактҳои аҷиб аз илми химия:

 

– Ҳангоми паси ҳам ҷойгир кардани 100млн атоми гидроген занҷире ҳосил мешавад, ки дарозиаш ҳамагӣ 1см аст.

 

– Барои ҳисоб кардани 1гр молекулаҳои об 3млн сол лозим, агар онро 1млн одам ҳисоб кунад.

 

– Дар организми одам, дар як дақиқа зиёда аз 1млрд реаксияи химиявӣ мегузарад.

 

– Агар дар автомашина таҷҳизоти таҷзияи обро ҷойгир намуда, ба воситаи қувваи барқи доимӣ гидрогену оксигенро ҳосил кунанд, онро дар муҳаррик ба сифати сӯзишворӣ истифода бурдан мумкин аст.

 

– Қувваи барқи дар бадани одам мавҷуд буда, метавонад лампаи қувваи 25Вт доштаро якчанд дақиқа фурӯзон кунад.

 

– Дар таркиби пиёз элементи сулфур мавҷуд аст, ба ҳамин хотир ҳангоми реза кардани он аз чашм ашк ҷорӣ мешавад.

 

– Бадани одам он қадар карбони зиёд дорад, ки агар онҳоро ҷамъ кунем 90 000 дона қалам сохтан мумкин аст.

 

– Организми одами калонсол дар як шабонарӯз тақрибан 21 000кҶ гармӣ ҳосил мекунад, ки ин миқдор гармӣ метавонад 80л обро ҷӯшонад.

 

– Дар организми одам зиёда 83- элементи химиявӣ мавҷуд аст.

 

Шоҳрух АЛИМУРОДОВ,

донишҷӯи бахши 5-уми факултети химия ва биология