– Миқдори кулҳо дар кишварамон 1300-то буда, 70%-и онҳо дар Бадахшон ҷой гирифтаанд. Масоҳати умумиашон 705 км2 мебошад.

 – Кули Сарез – 79,4 км2, Яшикул- 35, 6км2, Рангкул- 10 км2, Искандаркул-3,5км масоҳат доранд.

– Калонтарин обанборҳои мамлакатамон «Баҳри тоҷик», «Норак», «Фарҳод», «Каттасой», «Бойғозӣ», «Селбур», «Даҳанасой» мебошанд.

– Пиряхҳо 10-20%-и оби дарёҳои Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ки дар фасли гармо ба 70% мерасад.

– Ҳавзаи Амударё 6%- и захираи оби Осиёи Марказиро ташкил дода, 70%-и гидроэнергияи минтақа дар он аст.

– Дарёи Омӯ дар ҳудуди Тоҷикистон 85 км (харҷи миёнаи обаш 1500-2000м3), Вахш – 524км (харҷи миёнаи обаш 6400м/3 сония) ва Сир 197 км (дар ҳудуди Тоҷикистон ба харҷи миёнаи 400м3/сония) ҷойгиранд.

– Пиряхи Федченко 77 км дарозӣ дошта, 5 км бар ва 88м ғафсӣ дорад. Ҳаҷми умумиаш 651 км2 мебошад.

-Пиряхҳои Тоҷикистон масоҳати 8476 км2- ро ташкил дода, калонтарини онҳо Грум- Гржимайло, Бивачий, Гармо, Зарафшон, Савукдараи Калон, Ҷамъияти географӣ, Пётри 1, Гандо, Дарвоз, Ванҷ, Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошанд. Захираи обии онҳо 845км- ро ташкил медиҳад.

– 90 % -и захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал барои кишоварзӣ истифода бурда шуда, 60% -и аҳолии ҷумҳуриро бо ҷойи кор таъмин мекунад.

– Ҷумҳурии Тоҷикистон пешоҳанги масъалаҳои марбут ба об буда, СММ бо пешниҳоди кишвари мо 4 қатънома тасдиқ кардааст.

 

Таҳияи ОЗОДАИ Р.