Дар ДДБ ба номи Носири Хусрав қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.07.2014, таҳти № 427 «Дар бораи барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳоии 2015- 2020» мавриди амалигардонӣ қарор дорад.

 Комиссия ба хотири санҷидани масъалаи мазкур раванди таълимро дар факултетҳои забони англисӣ ва русӣ, инчунин кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ аз назар гузаронд. Аз рӯйи нақшаи ба «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» замимагардида ҳар сол дар донишгоҳтайёр кардани 100 нафар омӯзгори забони русӣ ва 150 нафар омӯзгори забони англисӣ дар назар дошта шудааст. Ин банди барнома иҷро шуда истода, инчунин мувофиқи бандҳои 6-ум ва 7-уми барнома ва нақшаи ба он замимагардида ҳар сол бояд 1 нафар омӯзгор аз рӯйи усули таълими забони русӣ ва англисӣ ва 1 нафар аз рӯйи забондонӣ (филология) рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намоянд. Дар иҷрои ин талаби барнома бошад, мушкилот ҷой дорад.

Дар факултети забони англисӣ соли ҷорӣ ба донишҷӯён 57 нафар омӯзгорон машғулият мегузаронанд. Барои таълими забони англисӣ дар факултет дар се кафедра амал мекунад. Дар кафедраи курси амалии забони англисӣ як маҳфил бо номи «Френдшип» (Дӯстӣ) бо роҳбарии ассистент Раупов Субҳиддин амал мекунад. Аъзои маҳфил 25 нафар буда, онҳо аз курсу гурӯҳҳои гуногуни  факултет мебошанд. Маҳфил тибқи нақшаи таҳияшуда 16 –уми сентябри соли 2020 бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» ҷаласаи навбатии худро гузаронидааст. Дар кафедраи назария ва типологияи қиёсии забони англисӣ 10 нафар омӯзгори доимӣ ва 7 нафар омӯзгор ҳамкори дохилӣ фаъолият менамоянд. Дар ин кафедра маъфил 25 нафар аъзо дошта, дар асоси нақшаи мушаххаси тасдиқшуда ҷаласаҳо гузаронида мешаванд.

Дар кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ мувофиқи бандҳои 6 ва 7-и барномаи мазкур ҳамаи устодони кафедра ба кори илмӣ машғул буда, кӯшиш мекунанд, ки кори худро сари вақт ва мувофиқи талабот иҷро намоянд. Дар кафедра як маҳфил бо номи «Стерн» (Ситора) фаъолият менамояд, ки 18 аъзо дорад. Дар факултет барои боз ҳам такмил додани омӯзиши забони англисӣ шароитҳо м авҷуданд.

Дар факултети забон ва адабиёти рус аз рӯйи ду ихтисос: забон ва адабиёти рус ва назария ва амалияи тарҷумаи забони русӣ мутахассис тайёр карда мешавад. Дар факултет як кафедра – кафедраи забон ва адабиёти рус амал менамояд, ки мудири он н.и.п., дотсент Шамсуддинова Р. мебошад. Аз ҷумлаи омӯзгорони доимӣ 3 нафар дараҷаи илмии номзади илми педагогика доранд, вале мутаассифона, ягон нафар аз рӯйи ихтисос дараҷаи илмӣ надоранд. Барои рафъи ин камбудӣ масъулин ду нафар мутахассис: Сафарова Нигина- номзади илми педагогика ва номзадҳои илми филология, дотсент Валиев Нуралиро ба кори кафедра ҷалб намудаанд. Тавре мо шоҳид будем, рӯзи 14-уми сентябр бо ташаббуси аъзои маҳфили «Лира» бахшида ба «Ҳаёт ва фаъолияти эҷодиёти А.С. Пушкин» чорабинии хеле хуби фарҳангӣ-маърифатӣ гузаронида шуд.

Мудири кафедраи курси амалии забони русии умумидонишгоҳӣ омӯзгор Сафархоҷаева Зарина буда, дар кафедра 17 омӯзгори доимӣ фаъолият мекунанд. Аз ҷумлаи устодони доимии кафедраи мазкур танҳо як нафар – Сафарова Нигина дорои дараҷаи илмии номзади илми педагогика мебошад. Ягон нафар дараҷаи илмии соҳавӣ надорад. Соли таҳсили ҷорӣ кафедра ду нафар мутахассиси навро ба кор ҷалб кардааст, вале онҳо низ дараҷа ва унвони илмӣ надоранд.

Аз ҷумлаи омӯзгорони ҷавони кафедра як нафар – Бобоҷонова Зилола мавзӯи илмӣ дорад ва ба навиштани рисолаи илмӣ машғул аст. Тавре огоҳ шудем, дар соли таҳсили ҷорӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра ҳимояи кори илмӣ дар назар нест. Омӯзгорони кафедра бо донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни донишгоҳ аз рӯйи як фанни таълимӣ – курси амалии забони русӣ машғулият мегузаронанд.

Кафедраи мазкур низ дар асоси «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ» нақшаи чорабиниҳо тартиб додаанд, вале тавре ки ишора кардем, на ҳама бандҳои ин барнома аз тарафи аъзои кафедра иҷро мешаванд. Пеш аз ҳама дар кафедра набудани мутахассиси дорои дараҷаи илмӣ ташвишовар аст. Маълум аст, ки иҷроиши қарори мазкур танҳо аз масъулиятшиносии факултет ва кафедраҳои мазкур вобаста набуда, муносибати ҷиддии ҳама факултаҳоро тақозо менамояд. Масалан, дар факултаҳои ғайритахассусӣ омода намудани шароити дарсгузарӣ, синфхонаи мувофиқ ва ба таҷҳизоти техникӣ муҷаҳҳаз вазифа ва масъулияти факултет аст, на омӯзгори дарсдиҳанда.

Комиссия ҳолати амалигардонии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.07.2014 таҳти № 427 «Дар бораи барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар донишгоҳ санҷида, нуктаҳои зеринро ба сифати камбудӣ ва норасоӣ дар ин сам т баён мекунад:

– Аз васоити техникӣ мувофиқи талабот дар сатҳи зарурӣ истифода намешавад.

– Иҷроиши бандҳои 6 ва 7-и барнома, махсусан аз рӯйи ихтисоси филологияи рус ба талабот ҷавобгӯ нест.

– Дар кафедраи курси амалии забони англисӣ бо вуҷуди 41 нафар аъзои доимӣ доштан, шумораи мутахассисони дараҷаи илмидошта ангуштшуморанд (2 нафар), ки ин боиси нигаронист.

– Яке аз сабабҳои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани таълими забонҳои англисӣ ва русиро мо дар он мебинем, ки фанҳои тахассусӣ на дар зергурӯҳҳо, балки дар гурӯҳҳои пурраи таълимӣ дарс дода м ешаванд.

– Вобаста ба банди 21-и барнома, яъне дар амал татбиқ намудани табодули омӯзгорон ва донишҷӯён ба мамлакатҳои хориҷӣ мушкилиҳо мавҷуданд.

Комиссия ба хотири рафъи камбудиҳои дар боло зикршуда пешниҳоди мазкурро зарур медонад:

– Факултети забони русӣ ва ҳамзамон кафедраи умумидонишгоҳии курси амалии забони русиро лозим аст, ки ба тарбияи кадрҳо диққати бештар дода, аз ҳисоби магистрони факултет ҷавонони лаёқатмандро ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб кунанд ва барои гирифтани мавзӯи илмӣ ва муайян намудани роҳбари илмии онҳо мусоидат намоянд;

– садорати факултетҳо бояд чораҳо андешанд, ки омӯзгорон, бахусус омӯзгорони ҷавон, аз фаъолияти илмӣ дар канор набошанд;

– зарур аст, ки аз ҳисоби аъзоёни маҳфилҳои фаннӣ донишҷӯён ҳар чӣ зиёдтар ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷалб карда шаванд ва барои ба комёбӣ ноил гардидан омӯзгорони кафедраҳо бо онҳо низ машғулиятҳои иловагӣ ва инфиродӣ гузаронанд.

– садорати факултетҳои ғайритахассусиро низ лозим аст, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълими забонҳои русӣ ва англисӣ шароитҳои дуруст омода созанд.

Боварӣ дорем, ки устодони факултетҳои забони русӣ, англисӣ ва кафедраи умумидонишгоҳии курси амалии забони русӣ имконият ва шароити рафъи камбудиҳои зикргардидаро доранд, барои аз байн бурдани онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва минбаъд дар тарбияи мутахассисони соҳавӣ саҳми бештар ва беҳтар м егузоранд.

 

Ҷ. САИДОВ,                                    

мудири кафедраи забони тоҷикӣ