Боиси хушҳолист, ки рӯзи 24-уми сентябр дар ҷаласаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики факултаи филологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав, шоир Аҳмадов Сафармад Гадомадович (Сафармуҳаммад Аҳмад) ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардид.

Сафармад Аҳмадов ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба машқи шеър машғул буда, аввалин шеъргунаҳояш соли 1989 дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Хатлон» ба табъ расидаанд. Минбаъд намунаи ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз қабили «Садои Шарқ», «Адабиёт ва санъат», «Истиқбол», «Мактаб», «Шарқи озод» ва ғайра чоп мешуданд. Соли 2011 нахустмаҷмӯаи ӯ бо номи «Заврақи завқ» ва соли 2019 дафтари дувуми шеъраш бо унвони «Як даста гул, як шоха райҳон» тавассути нашриёти «Адиб» ба нашр расидаанд. Соли 2019 шоир барои маҷмӯаи дувуми шеърияш сазовори Ҷоизаи адабии ба номи Шамсиддин Шоҳин гардидааст.

 

Дар баробари гуфтани шеър мавсуф ба фаъолияти илмӣ машғул буда, муаллифи як маҷмӯаи мақолаҳо бо унвони «Андешае чанд перомуни адабиёт ва фолклор», монографияи «Зиндагинома ва фаъолияти шоирии Ғаффор Мирзо» ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ-методӣ мебошад. 

 

Дар зер намунае аз эҷодиёти шоирро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.

 

ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ

Рӯзе, ки аз он пушти сангарҳо бар хоки Меҳан санг меборид,

Бар лавҳаи испеди хотирҳо ҳар лаҳза ҳарфи «ҷанг» меборид.

Фасли хазони кишвари худро бо чашми сарди яъс медидам,

Хуршед аз мардум гурезон буд, яхчоли ору нанг меборид.

Боде ба сӯйи осмон мебурд доду фиғони меҳрубониро,

Марг аз бағал берун намеомад афтодарӯҳи зиндагониро.

Қисматнависони дигар буданд тиру камон лавҳу қалам карда,

Чинед аз лабҳои худ мардум ҳарфи «қазои осмонӣ»-ро.

Модарситезони «ватанпарвар», беҳудагӯёни сари минбар,

Диндори бедин, хоҷаи чокар, дар каф китобу дар бағал ханҷар.

Афсонапардозони афсункор, мардумфиребони сари бозор.

Бузинагони шӯхи беозор, не, гургҳои масти мардумдар.

Бо доду бо фарёди «озодӣ» бастанд роҳи меҳрубониро,

Дар чашми мо рӯзи сияҳ карданд садранг дунёи ҷавониро.

Бо фитнаи «Во дину во миллат» давлат ҳама зеру забар гардид.

Пажмурдаву берангу бӯ дидем зебо арӯси зиндагониро.

Мардум дили афтодаи худро бо сад алам аз пушти худ мебурд,

Сад орзу аз ҷӯши навмедӣ дар ҳар қадам афтодаву мемурд.

Дарди дилу дарди шикам бо ҳам бар ҷисму ҷони халқ ҳоким буд,

Ҳатто фалак бар ҳоли ин мардум хун мегиристу ғуссаҳо мехӯрд.

Ногаҳ зи ҷӯши тӯдаи мардум марде саропо нур берун шуд.

Данкои нав, дил дар кафи дастон бо сад ҳазорон шӯр берун шуд.

Мардум зи пушти ӯ камар бастанд, ӯ пеш-пеши тӯдаи мардум,

Гӯё Сиёвуш аз дили оташ пирӯз шуд, мансур берун шуд.

Имрӯз ҳар як рӯзи нав дорад як мевае аз нахли Истиқлол,

Пар мезанад дар осмони мо Симурғи хушболу пари иқбол.

Гул мекунад сад орзу дар дил, хуршед сӯйи мост дар ханда,

Хуршедро бинед, эй мардум, хуршедро гиред истиқбол.

 

ТАРОНАИ ВАТАН

То бар забони халқ талқини сухан боқист,

Дар ҳар забоне то абад ҳарфи «Ватан» боқист.

Боқӣ бувад дар анҷуман ҳарфи «Ватан», боқӣ,

Гар як нафар аз ҷумлаи ин анҷуман боқист.

Меҳри Ватан аз ҷону тан берун нахоҳад шуд,

Дар ҷону тан боқӣ бувад, то ҷону тан боқист.

Бо сад забон мурғон ҳадисе аз Ватан гӯянд,

Дар гӯшае гар шохаи сарву суман боқист.

Лафзи «Ватан»-ро беватан ҳаргиз намебинӣ,

То дар Ватан як шоире монанди ман боқист.

 

БА НОБАРОДАРОН

Ин ҳеҷбудагон, ки маломат шиорашон,

Номардуманд, таънаи мард аст корашон.

Аз пушти арса даъвии мардӣ кунанду лек

Ку арсае, ки мард барорад диморашон?

Номи ватан ба кафки даҳан ғарқ кардаанд,

Ғофил мабош, қавл напечад ба корашон.

Як донаи умед ба ҷое накиштаанд,

Нахланду хушк, бесамарӣ ифтихорашон.

Не ғамшарику шодишариканд баҳри мо,

Бечорагии мост магар чашми чорашон?

Абранду тира моҳ ба доман нуҳуфтаанд,

Эй подшоҳи нур, бикун торуморашон.

Ҳамчун саганд, сӯзани афсӯс мехӯранд,

Бигзашт ҳамчу шоми сияҳ рӯзгорашон.

Баски ба аспи масти ҷаҳолат нишастаанд,

Афтоданист оқибати эътиборашон.

 

РУБОИЁТ

Бар пурсиши ман туро ҷавобе нашукуфт,

Аз ғунчаи лаб ҳарфи савобе нашукуфт.

Аз бахти чу абр тира дар олами дил

Сад субҳ дамиду офтобе нашукуфт.

* * *

Одам ба Ҳаво гуфт, ки «Ай зан, чӣ кунӣ?

Аз ман ту бурун омада, бар ман чӣ кунӣ?»

Гандум ба лабаш ниҳоду бо ноз бигуфт:

«Чун ҷон бадар омадаст, бар тан чӣ кунӣ?»

* * *

Эй кош, ки ақл раҳнамоям будӣ,

То аз ғами гумраҳӣ раҳоям будӣ.

Эй кош, ки хоки ин замини падарон

Марҳам ба кафидаҳои поям будӣ.