Чавгонбозӣ бозии миллии тоҷикон буда, аз ниёгон ба мо мерос мондааст. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар бораи бозии мазкур маълумот дода шудааст. Чавгонбозӣ дар шаҳри Бохтар соли 2017 аз ҷониби донишҷӯйи курси 3- юми ДДБ ба номи Носири Хусрав Шералии Бурҳоналӣ аз нав эҳё гардонида шуд.

 Пеш аз таъсисёбии дастаи Хатлон-1-и шаҳри Бохтар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 5 даста Душанбе-1, Душанбе-2, ШТМ, Хуҷанд ва Хатлон-2 фаъолият дошт. Бо таъсиси дастаи Хатлон-1 Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 6 даста гардид. Дар соли авали таъсисёбӣ дастаи Хатлон-1 дар мусобиқа иштирок намуда, сазовори ҷойи чорум гашт. Соли 2018 мураббии даста бозингарони навро ба даста қабул кард ва баъди 1 моҳи тамрин дастаи Хатлон-1 дар мусобиқае, ки миёни ҷавонони то синни 20 сола дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, иштирок намуд ва ҷойи чорумро сазовор гашт. Бозии навбатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дастаи Хатлон1-и шаҳри Бохтар дар он фаъолона ширкат дошт. Онҳо бо боварии комил ва тамрини хуб ба бозӣ сафарбар шуданд. Дар ин бозӣ дастаи Хатлон-1 соҳиби ҷойи 3-юм гардид. Ин дастоварди аввалин буд, ки даста ба шаҳри Бохтар овард. Аввалҳои соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб фестивали чавгонбозӣ баргузор гардид ва дар ин бозӣ дастаи Хатлон-1 шикаст хӯрд, ба ин нигоҳ накарда даста тамрини худро ба бозии навбатӣ хубтар ба роҳ монд.

Дар бозии навбатӣ Хатлон-1 мизбон буд ва дар бозӣ сазовори ҷойи 2-юм гашт. Ин пирӯзӣ ба даста неру бахшид ва онҳо ба хулосае омаданд, ки бояд ҳамеша ба пеш ҳаракат намоянд. Тирамоҳи ҳамин сол мусобиқаи навбатӣ баргузор гардид. Макони ин мусобиқа боз шаҳри Бохтар таъин гардид ва дар ин бозӣ дастаи Хатлон ҷойи сеюмро ишғол кард. Бозиҳо дар ин сол ба анҷом расид. (баҳори соли 2020 мусобиқаи навбатӣ маълум гардид ва бинобар сабаби бемории КОВИД- 19 мусобиқа ба тирамоҳ гузошта шуд).

Чуноне ба ҳама маълум аст, чемпионат оид ба чавгонбозӣ аввалин маротиба соли 2020 дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар чемпионати мазкур дастаи Хатлон-1 мизбон буд ва сазовори ҷойи сеюм гардид. Ин ҳама муваффақияту дастовардҳо аз заҳматҳои бардавоми мураббӣ, Шералии Бурҳон дарак медиҳад. Ёдовар мегардем, ки бозии навбатӣ моҳи декабри соли 2020 баргузор мегардад. Дастаи Хатлон пайи тамрин буда, бо боварии комил метавон гуфт, ки ғолибиятро ба даст меоранд.

 

Сунатуллои АМРОХОН,

донишҷӯи курси сеюми ихтисоси химия-биология