Имрӯзҳо аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон корҳои судманди зиёде амалӣ мегарданд. Ҳамзамон, бо ибтикори Пешвои муътабари миллат сиёсати давлатӣ дар сатҳи зарурӣ амалӣ гашта истодааст.

 Ҳоло дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба хотири пешгирии зуҳуроти номатлуб, ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, худкушию сӯиқасд ба ҷони худ, эмин доштани насли ҷавон аз иғвоандозии неруҳои манфиатдор, шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ чорабиниҳои гуногуни оммавию сиёсӣ, ба монанди вохӯриву мулоқотҳо гузаронида мешаванд ва баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати динии ҷавонон, парвариши эҳсоси баланди ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароиву инсондӯстӣ дар онҳо аз ҷониби шахсони масъул тадбирҳои гуногун андешида мешавад.

Дуруст аст, ки бо сабаби надонистани авзои сиёсии дунё, огоҳӣ надоштан аз раванди ҳодисаҳои имрӯз қисмате аз ҷавонони мо фирефтаи таблиғоти гурӯҳҳои ноошнову ошно гардида, дар шинохти воқеият раҳгум мезананд.

Ин раванд онҳоро ба идеологияи «бегонапарастӣ» наздик мегардонанд. Арзишҳои олие, чун ватандӯстиву ватандорӣ ва худшиносӣ ба онҳо бегона гашта, ҷойи онҳоро идеология, ё ақидаю ҳаракатҳои зиддимиллӣ фаро мегирад, ки ин хеле хатарнок ва фоҷиабор аст.

Ба андешаи банда, агар теъдоди ҷавонони ватандӯсту миллатдӯст дар Ватани мо бештар бошанд, он гоҳ бо таъсири онҳо ҷавонони дигар аз роҳи хато бармегарданд. Таблиғоти расонаҳои иртиҷоӣ дар мавриди рӯйдоду ҳодисаҳо ба гурӯҳе аз ҷавонони хомандеш ҳатман таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳолатҳое мешавад, ки ҷавонон аз бекорию нодонӣ, ба хотири ба даст овардани имтиёзҳои нопок, худро дар паҳлӯи ин гурӯҳҳо ҷо мекунанд.

Яқин аст, ки қатлу ваҳшоният, аз байн бурдани хонаю дар ва куштани фарзандони халқи осоишта танҳо кори гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо ба ин васила мехоҳанд, ки зарбаи худро ба таъриху фарҳангва арзишҳои олии инсонӣ расонанд. Ба мо – омӯзгорон лозим меояд, ки ин масъалаи муҳими рӯзро ба фарҳанги сиёсӣ ба шогирдон бифаҳмонем, то онҳо ваҳшоният, ноодамию нокасии ҷараёнҳои тундгароёнаро эътироф карда, аз онҳо худро дур нигоҳ доранд. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.

Имрӯз дар тамоми кишварҳои ҷаҳон маҳз аз неруву тавонмандиҳои ҷавонон бечуну чаро истифода мебаранд. Гурӯҳҳои ифротӣ низ иддае аз ҷавононро барои манфиат, барои зарар овардан ба миллату давлатҳо истифода мебаранд. Мо бояд аз хурд то бузург афкори ҷавононро тавре тағйир диҳем, ки онҳо дар ҷомеа қудрату тавоноӣ, ватандорию ватандӯстии худро бештар ҳис намоянд. Ҷавонони мо бояд фаҳманд ва донанд, ки дар ҷомеа ҳамеша ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои онҳо ҳимоя карда мешавад.

 

Тожиддин АБДУЛЛОЕВ,

магистри курси 2- юми ихтисоси информатика