Имрӯзҳо мушоҳида менамоем, ки шукрона дар лаби ҳар як фарди ҷомеа гардида, қалбҳо бегона аз ғаму дард ва чеҳраҳо дур аз ранги зард шудааст, зеро дар кишвари баҳиштосо ва мунаввар бо ном Тоҷикистон зиндагӣ ва умр ба сар мебарем. Чашмаҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, гиёҳҳои давобахш ва табиати нозанини он ба кас нуру ба чеҳраҳо сурур ва ба қалбҳо ғурур мебахшад.

 Агарчӣ саросари диёри моро кӯҳҳо печонида бошанд ҳам, баракате дар он ҳувайдост. Баракате, ки надонисту ногуфтанист ва танҳо шамиданиву чашиданист.

Зери ҳар як буттаю санги кӯҳистони кишвари азизамон ризқи мардуми меҳнатқарин пинҳон аст. Гиёҳҳои шифобахш маҳз барои даво бахшидан ба оризаҳои инсон аз хоки пок рӯидаанд. Паррандагон дар шохаи дарахтон нишаста бо овози хуши худ тақлидгароӣ аз садои рӯдҳои ҷонбахш, ки баҳри сероб кардани заминҳои ташналаб ҷорианд, менамоянд. Кишвари азизамон шуҳратёр, шукӯҳбор, фурӯтану файзбор ва маскани илму фарҳанг мебошад.

Тоҷикистонам, ҳар фард дар канорат зиста, аз ҳавои софат нафас кашида, дар хоки покат қадам мениҳад ва аз гашту гулзорат дил канданӣ надорад. Кӯҳҳои сар ба фалаккашидаат аз панҷаи нохалафон мардуматро ҳифз менамоянд. Накҳати чаманзоронат чун ҳамешагӣ бӯйи мушку анбар дошта, дар ҳама фасл дилрабоянд. Оре, туи сарзамини бузурги аҷдодии ман, шӯҳратёриву шукӯҳбор, фурӯзониву файзбор ва макони илму фарҳанг. Барои ҳар фарди ҷомеа азизӣ ҳамчу модари

ғамгусор.

Ҳақиқат он аст, ки дар канори ту зистан беҳ аз шоҳ будан дар мулки бегона аст. Обҳои чашмаҳоят софу зулол ва сафобахшандаи дардҳост. Пас туи ризвонам кишвари ҷаннатмаконам, эй гӯшаи имонам, файзбахши рӯҳу ҷонам Тоҷикистонам. Рисолати мо, ҷавонон он аст, ки туро дӯст дорем, ҳифз намоем ва барои ободию пешрафтат саъй намоем.

Меҳри беандозаи ту ҳисси миллии моро зиёд гардондааст. Пайваста кӯшиш мекунем, ки арзишҳоямонро қадр намуда, ғурури миллӣ ва ҳисси меҳанпарастӣ дошта бошем.

Қадри ту ва шинохти бузургони зиндаёдамонро пос дорем. Аз он меандешам, ки рӯзи аввали ба синфи якум қадам ниҳоданам бо шунидани Суруди миллӣ дар замирам меҳри Ватану ватандорӣ бедор гардид. Ҳамин аст, ки худро зери сояи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат пайрав медонем. Ҳар як суханаш шиор асту таъсирбахш ва ҳидоятгари роҳи рости мо, ҷавонон.

 

Лайламои ХУДОЙНАР