Сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Тавре аз нишондодҳои оморӣ бармеояд, ҳар 16-умин корманд дар миқёси олам дар соҳаи туризм фаъолият мекунад.

 Соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон гардидааст. Иқдоми беҳтарин дар ин бахш элон намудани Солҳои 2019-2021 – Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаи рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, сохторҳои марбутаро муваззаф намуданд, ки барои муаррифии сарзамини офтобии мо ва ҷалби сайёҳон тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд. Мавриди зикр аст, ки ноҳияҳои мо бо табиати зебо ва дарёҳои мусаффои худ қалби ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро таскин менамоянд.

Аз Аврупо то Осиё дар бораи ҷойҳои таърихии мо бо хушнудӣ ҳарф мезананд, ки ин ифтихори ҳар як ватандор мебошад. Дар баробари ин, дар рустоҳои мо занони ҳунарманд дар духтани либосҳои атласу адрас, намадрезӣ, қолинбофӣ, корҳои қаннодӣ, сохтани кӯза, танӯри бобоӣ маҳорати баланд доранд.

Аммо онҳо имконият надоштанд, ки маҳсули дастранҷи худро ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба фурӯш бароранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои – миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи дурахшонро барояшон кушоданд. Ҳар як ҳунарманд бе пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ ҳунарҳои миллии худро ба гардиши бозори дохиливу хориҷӣ бароварда, маҳсулотҳои худро муаррифӣ месозанд.

Метавон гуфт, ки ташкилу тараққӣ додани соҳаи туризм ва бунёд намудани иншоотҳои санаторию курортӣ дар ҷумҳурии мо аҳамияти ҳам сиёсию иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳам маънавӣ дорад. Зеро дар замони муосир туризм ба яке аз соҳаҳои тараққикарда табдил ёфта истодааст. Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи туризм ба кишварҳое равона гардидааст, ки мероси бою пурғановати фарҳангӣ, таърихӣ ва табиӣ доранд.

Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба омӯзиш, ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ, табиӣ ва таърихӣ, аз худкунии ҳарчи бештари онҳо ва бунёди инфрасохтори туристӣ, тарбияи ҷавонони баландихтисоси соҳа метавонад туризмро ба яке аз манбаҳои боэътимоди даромади миллӣ табдил диҳад. Бешубҳа, тарғиби муҳаббати ганҷинаву сарватҳои диёрамон дар ботини ҷавонону наврасон ин заминаи неки ояндаи кишварамон маҳсуб меёбад.

 

Р. ҚУРБОНОВА,

омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ