Дар синфхонаи компютерии факултети математика-информатика маҳфили навбатии илмии донишҷӯён таҳти унвони «Технологияи мубрами рӯз»-и кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика баргузор гардид.

Синфхона муҷаҳҳаз бо маводҳои аёният, яъне лавҳаҳои иттилоотӣ ва компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буданд. Донишҷӯён бо истифода аз ин айёниятҳо дар маҳфил фаъолона иштирок намуданд.

Роҳбари маҳфил Ш. Юнусова доир ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” барои солҳои 2020-2040 суханронӣ намуда, ба донишҷӯён моҳияти аслии ин бистсоларо шарҳ дод.

Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи иштирокчиён муҳимтарин паҳлӯҳои мавзӯъ баррасӣ ва мавриди баҳс қарор дода шуд. Мақсад аз баргузор намудани чунин маҳфилҳо, пеш аз ҳама дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дониши донишҷӯён оид ба дунёи рангини технологияи иттилоотӣ ба ҳисоб меравад.

 

 

 

 

Б. Файзализода, мудири кафедраи

технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика