Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявиро миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ мондааст. Дар робита ба ин, Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ даври аввали мусобиқаи варзиширо аз рӯи намуди волейбол миёни донишҷӯдухтарон доир намуд.

 

Бо ин мақсад шурӯъ аз 10-ум то 19 –уми октябри соли равон миёни донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ мусобиқаи варзишӣ баргузор гардид. Тавре ки сардовари мусобиқа омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Ҳаким Каримов иброз намуд, мақсад аз гузаронидани чунин мусобиқаҳои варзишӣ тарғиби ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, рушд ёфтани варзиши касбӣ дар байни донишҷӯён мебошад.

 

Баъд аз баргузории мусобиқа дастаҳои волейболбозон аз факултетҳои таърих ва ҳуқуқ, математика-информатика, забон ва адабиёти рус, химия ва биология ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, миёни ҳам сабқат варзиданд. Дастаи волейболбозони факултети таърих ва ҳуқуқ бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ғолибиятро ба даст оварда, сазовори ҷойи аввали мусобиқа гардид. Донишҷӯдухтарони факултети математика – информатика ба гирифтани ҷойи дуюм мушарраф шуда, ҷойҳои сеюмро волейболбозони факултаҳои забони русӣ, химия ва биология бо ҳам диданд.

 

Дар ҷамъбасти мусобиқа барои ишғоли ҷойҳои намоён ба дастаҳои ғолиб аз ҷониби Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ диплом ва ифтихорномаҳо дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

 

Бояд қайд кард, ки баргузории чунин мусобиқаҳо боиси ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш гардида, дар солимгардонии тарзи ҳаёти онҳо мусоидат менамояд. Ҳамасола бо ташаббуси итттифоқи касабаи донишгоҳ мусобиқаҳои гуногун миёни донишҷӯён доир мегардад.

 

Мусобиқаи мазкур аз рӯи се марҳалла идома ёфта, 10 нафар донишҷӯдухтарон ҳамчун бозингарони беҳтарин аз гурӯҳҳои гуногуни ғолиб ба дастаи мунтахаби донишгоҳ шомил шуданд. Айни замон дастаи мунтахаби донишгоҳ барои иштирок ба марҳилаи дуюм, ки моҳи ноябри соли равон миёни муассисаҳои олии касбии вилоятҳо доир мегардад, омодагӣ дида истодаанд.

 

 

Ҳаким КАРИМОВ,

сардовари мусобиқаи варзишӣ