Имрӯз 27-уми октябри соли 2020 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шӯрои олимон бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ҳамчун мақоми идоракунандаи донишгоҳ бо иштироки Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим, сардорони раёсатҳо, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.

Шӯрои олимон барои беҳтар намудани раванди таълим ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос диққати махсус медиҳад. Аз ин рӯ, фаъолияти факултетҳо ва кафедраҳои донишгоҳ аз назорати аъзои Шӯрои олимон гузашта, вазъи раванди таълим, тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ин бахшҳо дар ҷаласаҳои Шӯро баррасӣ мегарданд. 

Дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон фаъолияти кафедраҳо ва ҳисоботи мудирони кафедраҳо ҳаматарафа баррасӣ шуда, бурду бохти онҳо дар ҷабҳаи фаъолияти илмӣ-методӣ, таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ муайян гардида, оид ба бартараф намудани камбудиҳо қарорҳои мушаххас қабул карда мешавад.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ