Дар толори варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мусобиқа аз намуди волейбол миёни (писарон) донишҷӯëни факултетҳои донишгоҳ гузаронида шуд.

Мусобиқа бо мақсади рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш байни донишҷӯëн, тарғиби тарзи ҳаëти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва омода намудани дастаи мунтахаби донишҷӯëн доир гардида, дар он донишҷӯëн байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Пас аз қувваозмоиҳо ҷои якум насиби дастаи факултети педагогика ва варзиш, ҷои дуюм насиби дастаи факултети иқтисодӣ ва ҷои сеюм насиби дастаҳои факултети филологияи тоҷик ва факултети физика гардида, ба ғолибон медал ва диплом супорида шуд.

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ