Имрӯз 27-уми октябри соли 2020 дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар, маросими ҷамъбасти даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”-ро Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон ба ҳузур пазируфта ба онҳо маблағҳои пулӣ тақдим намуд.

 

Муовини раиси вилояти Хатлон дар ҳузури ғолибони озмун суханронӣ намуда аз ҷумла таъкид дошт, ки озмун ба ифтихори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардид, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ мебошад.

 

Дар  ин озмун 15 нафар хонандагон, донишҷӯёни ва омӯзгорони ДДБ ба номи Носири Хусрав иштирок намуда ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, дар номинатсияи «Аз бар кардани ашъори бачагона»: Раҳмонов Маҳмурод, омӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ ДДБ ҷойи 1-ум, Бобоев Сорбон, донишҷӯи курси 4-уми ДДБ  ҷойи 1-юм, Сафиямоҳ Юсупова, хонандаи синфи 4-и гимназияи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойи 2-юм, Маҳмадавлатова Саёҳат, донишҷӯи курси 4-уми ДДБ ҷойи 2-юмро ба даст оварданд.

Дар номинатсияи «Аз бар кардани адабиёти классики тоҷик»: Шоира Каримова, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойи 2-ум, Худоибердиева Улдона, донишҷӯи ДДБ ҷойи 2-юм, Фархунда Шодиева, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойи 2-юм, Каримова Мавзуна, омӯзгори ДДБ ҷойи 3-юмро ишғол намуданд.

Дар номинатсияи «Аз бар кардани адабиёти муосири тоҷик»: Моҳинав Аҳмадзода, донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойи 1-ум, Шарифзода Маҳмуд, хонандаи синфи 10-уми литсейи ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойи 2-юм, Довудова Назурбӣ, донишҷӯи курси 3-юми ДДБ ҷойи 2-юм, Сафаров Ҷумахон, донишҷӯи курси 1-уми ДДБ ҷойи 3-юмро соҳиб гаштанд.

Дар номинатсияи «Хондану аз бар кардани адабиёти ҷаҳон»: Гулов Алимаҳмад, саромӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи ДДБ ҷойи 1-ум, Зокирҷон Назаров, магистранти ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷойи 2-ум, Абдулмуминова Зарафшон, донишҷӯи ДДБ ҷойи 3-юмро ба даст оварданд.

Дар охир ба Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон барои иштироки фаъолонаи хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони ДДБ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардид.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ