Шайх Камол дар латофати сухан ва диққати маонӣ ба мартабаест, ки беш аз он тасаввур наметавон кард.

Хондамир

 

Машраби ин бузургвор олист ва сухани ӯ софӣ. Воқеан, пояи ин мард бисёр баланд аст.

Ҳофизи Шерозӣ

 

Ҷомӣ аз он лаб сухан оғоз кард,

Шуд лақабаш тӯтии шаккармақол.

Ёфт камоле суханаш, то гирифт

Чошние аз суханони Камол.

Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Шайх Камоли Хуҷандӣ аз аҳли ҳолу соҳиби камол буд, аҳволаш дар кутуби дигар мастур аст. Муосири Шамсиддин Ҳофизи Шерозӣ аст ва ҷониби Ҳофиз ба шунидани баъзе ашъораш маҳҷуз ва мутаассир шуда.

Сироҷиддин Алихони Орзу

 

Дар ҳар байти ғазалҳои Камол шӯр ва хушию сармастӣ мавҷ мезанад.

Гулнисо Муҳаммадӣ,

муҳаққиқи афғон

 

Ҳар байти Камол, албатта, як мазмуни хоси обнарасида дорад ва ӯ аз дигарон ҳам ҳамин мазмуни хосро талаб мекунад. Камол устоди бузурги забон аст. Ӯ дар аксар байтҳои худ як ё ду сухани думаънидорро кор мефармояд, ки бо гирифтани ҳар кадоми он маъниҳо мазмуни он байт пурра мебарояд.

Садриддин Айнӣ

 

Ғазалсароиро чун тахаллуси худ ба пояи камол расонидааст.

Ҳусайнқулихони Азимободӣ

 

Камоли Хуҷандӣ… яке аз барҷастатарин устодони назм мебошад. Ғазалҳои ӯ равон ва хушоҳанг буда, баъзе аз онҳо бо мавзӯъ ва мазмуни худ ғазалҳои Ҳофизро ба хотир меоранд.

Бобоҷон Ғафуров

 

Баъди фавташ аз асбоби дунё дар ҳуҷраи ӯ ғайр аз буриёву санге, ки зери сар мениҳод, чизи дигар наёфтанд ва ба лавҳи қабри ӯ ин байт сабт аст:

 

Камол, аз Каъба рафтӣ бар дари ёр,

Ҳазорат офарин, мардона рафтӣ.

Қозӣ Муҳаммадсодиқхони Ахтар

 

Шоири ширинкалом Камоли Хуҷандӣ бо ашъори латиф дар таърихи адабиёти тоҷику форс мавқеи босазое дорад ва бо Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва ғайра дар як қатор меистад.

Холиқ Мирзозода

 

Сухани ӯ ба мартабаест, ки бештар аз он мутасаввир нест.

Алишери Навоӣ

 

Камол дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун шоири лирик шинохта шудааст. Лирика рӯҳ ва равони назми шоир мебошад. Вай ин навъи шеъри тоҷикиро дар адабиёти мо ба авҷи боло ва олитарин мартабаи фасоҳат расонид.

Шарифҷон Ҳусейнзода

 

Ғазалҳои риндона, ки дарунмояи риндиву маломатӣ дорад ва дар меҳвари онҳо… сарзаниши муддаиёни бехабар ва ситоиши ишқ аз сармастӣ қарор дорад, намунаҳои он дар девони Камол фаровон аст.

Аҳмадалӣ Разони Бухороӣ

 

Камоли Хуҷандӣ дар мактаби адабии пешгузаштаи адабиёти форсу тоҷик тарбия ёфта, дар бой гардидани хазинаи ин адабиёт ҳиссаи босазое, нақши тозае аз худ боқӣ гузоштааст.

Аълохон Афсаҳзод

 

Ӯ аз барҷастатарин машоихи тасаввуф буд, ки шеъру адабро бо порсоиву зуҳд ва инзиво дар ҳам омехт.

Маҷиди Шафақ

 

Девони ашъори ӯ ҳовии ғазалиёту ашъори орифонаи бисёр мебошад.

Мирзо Муҳаммадалии Мударрис

 

Хоҷа Ҳофизи Шерозиро ба Шайх Камол ҳулуси эътимод муаккад буда ва ҳамвора суханҳои Шайх талаб намудӣ ва аз ғазалҳои Шайх вайро ҳолеву завқе ҳосил шудӣ…

Давлатшоҳи Самарқандӣ

 

Лекин ҳақиқат он аст, ки мақому мартабаи ирфонӣ ва завқу ҳунари шоирии Шайх Камол ҳарду дар як мақоманд ва яке дигареро такмил медиҳад. Иршоди роҳнамоии ӯро бидуни шеър ва шеъри ӯро бидуни рӯҳу равони ирфонӣ тасаввур наметавон кард.

Абдуманнони Насриддин