Дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол талаботи ҷомеа ба сифати таълим ва кори тарбиявии толибилмон баланд шудааст. Рушди илму техника, муносибатҳои ҷамъиятӣ аз донишҷӯи имрӯза заковат, мушоҳидакорӣ, дурандешӣ ва дарки амиқи воқеоти ҳаррӯзаро тақозо мекунад.

 

Таълими фанни таърихи адабиёт дар низоми кредитии таҳсилот барои тайёр намудани мутахассисони ояндаи ихтисоси рӯзноманигорӣ яке аз фанҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, мақсади асосии таълими таърихи адабиёти тоҷик барои ҳосил намудани донишу малака дар бораи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, давраҳо ва марҳилаҳои инкишофи адабиёт, ҳаёт ва эҷодиёти адибон, равобити адабӣ бо адабиёти мардумони ҷаҳон, муносибати шарқшиносони хориҷӣ ба маданият ва адабиёти халқиятҳои гуногун мебошад. Таълими фанни таърихи адабиёти тоҷик дар ихтисоси журналистика тибқи нақшаи таълимии Вазорати маориф ва илми ҶТ танҳо барои донишҷӯёни курси якум дар ду нимсола муқаррар карда шудааст, ки қисматҳои асосии адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки бе омӯзиши амиқи фанни адабиёт мутахассиси ояндаи соҳаи журналистика будан номумкин аст. Журналист адабиётномаро аз Рӯдакии бузург то Муъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ бояд чунон донад, ки вақти нақл кардан ё навиштан гуфтаҳояшонро бо шеърҳо исбот ва амали қаҳрамонҳоро бо порчаҳои мансур сабт сохта тавонад. Ӯ бояд донад, ки мо аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома» ё «Духтари оташ» имрӯз чӣ панд мегирем. Вай дарк кунад, ки насиҳатҳои Саъдию Турсунзода ба мо чӣ меомӯзанд?

 

Воқеан, журналисте, ки таъриху адабиёти халқи худро хуб намедонад, ба қадри имрӯз намерасад ва дар хусуси фардо низ наметавонад биандешад.

 

Таълими фанни мазкур метавонад тафаккури мантиқии донишҷӯёнро инкишоф дода, дар такмили ҷаҳонбинӣ, огоҳӣ ёфтан аз таъриху адабиёти пурғановати форсии тоҷикӣ, ақидаҳои пешқадам, мероси илмиву адабии гузаштаву муосири тоҷик ёрӣ мерасонад ва ба ин васила дар рӯҳияи инсонгароиву меҳнатдӯстӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон нақши муассир мегузорад.

 

Мо ҳангоми таълими фанни таърихи адабиёт дар курсҳои аввали ихтисоси рӯзноманигор ва журналист-тарҷумон аз рӯи нақшаи муайяннамуда дар ду нимсола ҳамагӣ 5 кредит дарс мегузарем. Ҳангоми таълими дарсҳои адабиёт мо аз усулҳои фаъоли таълим ба монанди суҳбат дар зинаҳои кори гурӯҳӣ, ҳуҷуми зеҳнӣ, муҳокимаронӣ (мунозира), мубоҳиса, бозиҳои таълимӣ, инкишофи малакаҳои мушоҳидакунӣ ва хулосабарорӣ, тамошои филмномаҳои ба ҳаёту фаъолияти адибон дахлдошта ва муқоисаи он бо асар истифода мебарем. Чунончи, баъди маълумоти иҷмолӣ додан зимни таълими рӯзгор ва осори Камоли Хуҷандӣ бештар ба ашъори ватандӯстона ва мақоми дӯстӣ дар осори шоир таваҷҷуҳ менамоем.

 

Ёдовар мешавем, ки Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ, маъруф ба «Шайх Камол», «Бобо Камол» ва «Хоҷа Камол» солҳои 1318-1321-и мелодӣ дар шаҳри Хуҷанд дар хонаводаи марди донишманд ба дунё омадааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ дар назди падараш, ба Самарқанду Чочу Хоразм рафт ва сипас озими Ҳаҷ шуд. Камол дар роҳи Ҳиҷоз ба Табрез расид ва ин шаҳрро ба сабаби обу ҳавои хуб, маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва серодам будан, ҷойи истиқомат интихоб кард ва чун эҳсоси бегонагӣ надошт, то поёни умр дар ин шаҳр ба сар бурда, саранҷом дар ин ҷо ба хоби абад рафт.

 

Эҷодиёти шоир дар жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, рубоӣ, қитъа ва қасида суруда шудаанд. Бо камоли боварй метавон гуфт, ки «девони Камол» пурра то замони мо омада расидааст, ки он шомили 14 хазор байт мебошад. Худи Камол ба ҳамин маънӣ ишорат намуда, дар як ғазалаш мегӯяд:

 

Чу девони Камол афтад ба дастат,

Навис аз шеьри ӯ чандон, ки хоҳӣ.

Хаёлоти ғарибу лутфи ҳарфаш

Агар хоҳӣ, ки дарёбӣ камоҳӣ.

 

Асоси эҷодиёти Камоли Хуҷандиро ашъори ҳаётдӯстона, ғазалҳои шодибахши ошиқона, таронаҳои вафодориву садоқат, самимияту саховат ва мардонагиву шуҷоат ва умуман андешахои амиқ оид ба инсони комил ташкил мекунад.

 

Дар ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ байтҳои ватанхоҳона мушоҳида мегарданд ва ба назари мо ӯ яке аз беҳтарин гӯяндагони ин навъ ашъор дар гузашта мебошад. Васфи зодгоҳ ва талқини афкори ватандӯстӣ дар эҷодиёти шоирони дигар низ мушоҳида мешавад, вале Камоли Хуҷандӣ ин анъанаро ривоҷ дода, мазмунан васеътар кардааст. Ҳангоми таълими мавзӯи мазкур беҳтарин ғазали Камолро, ки дар васфи Ватан ва зодгоҳаш сурудааст, мисол меорем.

 

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб

Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб?

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш

Дар ҷаҳон то чанд гардам бе сару бепо ғариб?

Чун ту дар ғурбат наяфтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо?

Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас, илло ғариб….

Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол

Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғариб.

 

Тавре мушоҳида мекунем, ин ғазал мушкилию азоби дарди ҷудоии шоирро хотиррасон менамояд. Камол дар ғарибӣ заҳри ин ғамро чашидааст. Вай як умр ёру диёрро орзу мекард, боздиди онҳоро меандешид. Азобу ранҷи ғарибиро эҳсос менамуд.

 

Ба андешаи мо, ғазали мазкур, ки ҳолномаи ғамангези шоири ғариби шаҳрҳои бегона аст, метавонад боиси бедории эҳсоси ватандӯстонаи шогирдон гардад. Дар ҳамин маврид ба шогирдон дар бораи расидан ба қадри Истиқлолият, ваҳдати миллӣ, ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан ронда, ташаббуси ҷавонони созандаи кишварро таъкид менамоем.

 

Яке аз мавзӯҳои хеле муҳим дар эҷодиёти шоир ин мавзӯи дӯстӣ аст, ки таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ дар тарбияи ахлоқии шогирдон аҳамияти махсус дорад. Бояд гуфт, ки беҳтарин сатрҳои Камол ба бузургдошти дӯстӣ бахшида шудааст. Камол суҳбати дӯстро биҳишт, нақди зиндагонӣ, хоки дари ёрро аз гулшани ҷаннат беҳ мешуморад ва ӯро анису мунис ва калиди умед дар ноумедиҳо медонад.

 

Дӯст медорад дилам ҷабру ҷафои дӯстро,

Дӯсттар аз ҷону сад дарду балои дӯстро.

 

Муҳим будани дӯстӣ ҳақиқӣ ва интихоби дурусти онро дар зиндагӣ барои шогирдон таъкид дошта, баён менамоем, ки инсон дар зиндагӣ бо ёру дӯстони бисёре вомехӯрад. Онҳо аз ҷиҳати гуфтор, рафтор, мунисибат аз якдигар фарқ мекунанд. Шахсеро дӯсти ҳақиқӣ мешуморем, ки аз хислатҳои бад парҳезкор бошад.

 

Таълими мавзӯи ватандӯстӣ ва мақоми дӯстиро дар эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ аз он рӯ муҳим меҳисобем, ки ин масъалаҳо дар замони муосир рӯзмарра буда, ба он тамоми мардуми дунё ниёз доранд. Ҳеҷ як инсон намехоҳад, ки умраш дур аз Ватан ва ғурбат гузашта, зиндагии талху рӯзгори нотинҷ насибаш бошад. Ҳама дар орзуи оромию осоиштагӣ ҳастанд. Аммо бар хилофи ин андешаҳо, аксарият давлатҳои ҷаҳонро таззодҳои бардурӯғи сиёсӣ, иттилоотию иртиботӣ фаро гирифтааст. Аз ин рӯ, дар вазъи имрӯзаи ҷаҳонишавӣ эҳсоси ватандорӣ ва мақоми дӯстӣ барои ҷавонон муҳим баҳисоб меравад, зеро онҳо гурӯҳи осебпазири ҷомеа ба ҳисоб рафта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар лаҳза метавонанд ба доми фиреби ифротгарон биафтанду дур аз ёру диёр шаванд.

 

Дар охир ба шогирдон суханони пандомези Пешвои миллат «Мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем»-ро таъкид намуда, дар робита ба мавзӯи ватандӯстӣ дар эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ навиштани иншои хонагӣ ё эссеро супориш медиҳем.

 

Райҳонгул ҚУРБОНОВА,

номзади илмҳои филологӣ